11 декабри соли 2025 дар бинои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ амалӣ таҳти унвони «Иқтисоди сабз, рақамикунонӣ ва иноватсия аз ҳадафҳои афзалиятнок барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар кори конференсия намояндагони КВД «Шаҳри ҳушманд Smart city» -и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, инчунин роҳбарони донишгоҳу донишкадаҳои кишвар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Намояндаи КВД «Шаҳри ҳушманд» оид ба самтҳои асосии фаъолияти корхона, саҳми он дар рушди инфрасохторӣ ва пешбурди раванди рақамикунонии шаҳри Душанбе маълумот пешниҳод карда, дар анҷоми суханронӣ навори кӯтоҳеро дар бораи фаъолияти корхона ба иштирокчиён пешкаш намуд.
Суханронии коршиносон ба иштирокчиёни конфронс доир ба дурнамои рушди иқтисоди Тоҷикистон дар шароити ҷаҳони муосир паёми равшан ва илмӣ тақдим намуд.






Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte