Иштироки намояндагони КВД «Шаҳри ҳушманд» дар семинари омӯзишӣ

Аз 17-ум то 19-уми июли соли 2024 намояндагони КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» – и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар семинари «Асосҳои молияи исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо дастгирии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии савдо ва молия и исломӣ (ITFC) иштирок намуданд.

Ба иштирокчиён мафҳумҳо ва усулҳои асосии бонкдории исломӣ, яъне фаъолияти бонкие, ки ба принсипҳои шариати исломӣ мувофиқат мекунанд ва татбиқи амалии он тавассути рушди иқтисоди исломӣ шарҳ дода шуд.

Семинар ба иштирокчиён донишҳои муфид, баҳри баланд бардоштани рушди худшиносӣ ва такмили сифати таълим дар самти иқтисоди исломӣ маълумоти бештар пешниҳод намуд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top