21 ноябри соли 2024 дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ дар мавзӯи: “Тиҷорати электронӣ: мушкилот ва дурнамои рушд дар заминаи рушди логистика ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” баргузор гардид.
Тиҷорати электронӣ дар Тоҷикистон босуръат рушд мекунад ва дар робита ба ин, дар ин самт мушкилотҳои нав ба миён меоянд. Дар ин чорабинӣ ба ташкили инфрасохтори тиҷорати электронӣ аз ҷумла бахши логистика ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон диққати махсус дода шуд.
Намояндагони КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе низ дар ин чорабинӣ иштирок намуда, масъалаҳои ҷорӣ ва усулҳои таҳияи қарорҳои ҳамаҷонибаро оид ба беҳтар намудани соҳаи тиҷорати электронӣ дар Тоҷикистон муҳокима намуданд.
Чорабинӣ ба табодули таҷриба байни идораҳои давлатӣ ва намояндагони тиҷорати чакана, ширкатҳои логистикӣ ва ассотсиатсияҳои тиҷоратӣ барои таҳияи пешниҳодҳое, ки ба рушди устувор мусоидат мекунанд, хизмат кард.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед