Ҳисобот аз рафти татбиқи лоиҳаи “Харитаи электронии шаҳри Душанбе”

18 июли соли 2024 КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)”- и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар симои Директори корхона Самадзод Саъдӣ Хайрулло дар якҷоягӣ бо намояндагони ҶДММ “Гурухи Ширкатхои Эра” дар симои Директори генералӣ Дроздов Александр Петрович дар бораи рафти корҳо оид ба “Лоиҳаи харитаи электронии шаҳри Душанбе”, ки бо супориши Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳия гардида истодааст, ҳисобот пешниҳод намуданд.

Дар ҷараёни ҷаласаи гурӯҳи корӣ таҳти раёсати Муовини Раиси шаҳри Душанбе Холмуҳаммадзода Сорбони Амирхонаӣ ва бо иштироки намояндагони идораҳои қудратӣ ва иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе. муваффақиятҳо дар татбиқи лоиҳа нишон дода шуда, ҳамкории ҳамаи иштирокчиёни гурӯҳи корӣ бо мақсади сари вақт ба анҷом расонидани татбиқи лоиҳа тасдиқ карда шуд.

Ҷорӣ намудани лоиҳаи “Харитаи электронии шаҳри Душанбе” ба беҳтар гардидани ҳамкории байни идораҳои шаҳри Душанбе, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва суръат бахшидани хизматрасониҳои давлатӣ, аз ҷумла ба туфайли баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳо (молиявӣ, энергетикӣ, технологӣ, инсонӣ), ҷалби фаъолонаи шаҳрвандон ба равандҳои идоракунии шаҳр, инчунин шаффофияти бештари тамоми равандҳои ҳаёти шаҳр оварда мерасонад.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top