Гурӯҳи корӣ санҷиши оиди кори барнома ба (GPS tкacker) дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе

Имруз бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Фирдавс Ҳамро, роҳбарияти “Душанбенақлиётхадамотрасон” ва роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гуруҳи корӣ ташкил карда шуда аз фаъолияти “Низоми электронии идоракунии нақлиётҳои мусофиркашонӣ ҷамъияти (GPS tкacker)”дар шаҳри Душанбе санҷиш гузаронида шуд. Дар рафти санҷиш гуруҳи корӣ аз рафти иҷрои фаъолияти кории ККВД “Автобус 1”, ККВД “Автобус 2”, ККВД “Автобус 3” ва ККВД “Троллейбус” дидан намуданд.

Хотиррасон бояд кард, ки Низоми мазкур бо қарори муҳтарам Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ роҳандозӣ гардидааст.

Дар рафти санҷиш аз ҷониби гуруҳи корӣ камбудиҳо оид ба назорат аз рафту омади нақлиёти ҷамъиятӣ, корбари дар самти истифодабарии таҷҳизоти алоқа байни ронананда ва операторон, инчунин дар ҳолати коршоям нигоҳдории нақлиёти ҷамъиятӣ эрод гирифта шуд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Фирдавс Ҳамро ба масъулин барои дар муддати кутоҳтарин бартараф намудани камбудиҳо ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо ронандагон супориш доданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top