Боздиди хайати вакилони шаҳри Душанбе аз Хадамоти нақлиёт ва иттилооти шаҳри Сеул

16 ноябри соли 2023 муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафараль ва муовини директори Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» Фарҳод Бобоев аз Хадамоти нақлиётии «Seoul TOPIS» (Хадамоти истифодабарии нақлиёт ва иттилоотии Сеул)» шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея дидан намуданд.

«Seoul TOPIS» як платформаи марказии умумишаҳрь барои мониторинг ва идоракунии ҳамаҷонибаи шаҳр мебошад. Он қодир аст миқдори зиёди маълумот ва иттилоотро дар вақти воқеь аз тамоми шаҳр ҷамъоварь намуда, дар асоси он сиёсати шаҳрдориро дар соҳаи нақлиёти ҷамъиять ва идоракунии ҳаракати нақлиёт таҳия ва амаль намояд.

Дар асоси ин махзани бузурги маълумот, ки ҷамъоварь ва таҳлил карда мешавад, «Seoul TOPIS» инчунин маълумоти ҳамаҷонибаи ҳаркат дар роҳ ва нақлиёти ҷамъиятиро ба ҷомеаи васеъ пешкаш мекунад.

Бо туфайли ин ду самти асось «Seul TOPIS» тавонист сохтори ҳаракати шаҳрро ба таври кулль тағир диҳад ва ба афзоиши назарраси намудҳои гуногуни нақлиёти ҷамъиять мусоидат намояд.

Ташриф овардан ба Хадамоти нақлиёт ва иттилооти шаҳри Сеул барои табодули таҷриба ва андешаҳо дар соҳаи идоракунии нақлиёти ҷамъиять мусоидат менамояд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top