БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ АВГУСТИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ТАҲТИ УНВОНИ “ТАҲСИЛОТИ РАҚАМӢ – ОМИЛИ МУҲИМИ РУШДИ СОҲАИ МАОРИФИ ПОЙТАХТ”

23 августи соли 2023 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулзода Зиёдулло Назар, муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, директори Агентии давлатии назорат дар соҳаи маорифи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Муҳаммадтоир Саид, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Солеҳов Фатҳуддин, Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм, муовини директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷонзода Уктам, директори Маркази ҷумҳуриявии таълимии методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам, директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Муясара Шариф, директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо Ғафоров Муҳамадҷон Таваралиевич, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе Зуҳурова Зарина, муовинони раисони ноҳияҳои И.Сомонӣ Шарифзода Дилбар, Сино Сафарализода Ситора Сафаралӣ, Шоҳмансур Нурляминова Саида, Фирдавсӣ Шукурзода Саодат, муовини директори Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Мансуров Баҳром, собиқадорони соҳаи маориф, кормандони дастгоҳи марказии Сарраёсати маориф, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони сохторҳои тобеи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва роҳбарони муассисаҳои таълимии томактабӣ ва миёнаи умумии новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ Конференсияи августии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе таҳти унвони “Таҳсилоти рақамӣ – омили муҳими рушди соҳаи маорифи пойтахт” бо садо додани Суруди миллӣ баргузор шуд.

“Таҳсилоти рақамӣ – омили муҳими рушди соҳаи маорифи пойтахт” унвон гирифтани ҳамоиши имрўза бесабаб набуда, он пеш аз ҳама ҷорӣ намудани низоми муосири иттилоотӣ, истифодаи самарноку мақсаднок аз технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ, рушди соҳаи маориф бо истифода аз ҳамаи шароиту имконоти пойтахти кишвар, дастраси ба дастовардҳои илму техника ва фанновариҳои муосир, таҳким ва таъмини устувории робитаи муассисаҳои таълимӣ бо оила ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, таъмини таҳсилоти босифат ва ҷавобгӯ ба талаботҳои ҷаҳони муосир дар шароити рушди технологияҳои рақамиро дар назар дошта, дар ин самт низ бо роҳнамоии мақомоти иқроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе корҳои назаррас анҷом дода шудаанд.

Роҳандозии низоми муосири иттилоотӣ тавассути “Барномаи электронии “eDonish” дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе самараи таваҷҷўҳи хосаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба соҳаи маориф мебошад. Муҳим он аст, ки барномаи мазкур пурра ройгон буда, ҳамаи хароҷот вобаста ба татбиқи он бо дастгирии муҳтарам Раиси шаҳри Душанбе аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пардохт шудааст.

Ҳоло барномаи мазкур, дар 105 муассисаи таълимии пойтахт пурра роҳандозӣ гардида, шурӯъ аз соли таҳсили нав боз дар 45 муассисаи таълимӣ ин низоми нав тадбиқ карда мешавад.

Ҳавасмандгардонии машваратчиён, омӯзгорон ва маъмурони фаъоли барномаи электронии “eDonish” дар ҷорӣ гаштани низоми муосири иттилоотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе, тақвияти равобити муассисаҳои таълимӣ бо оила ва аҳли ҷомеа, баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ дар соҳаи маориф аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд” –и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо сипосномаҳо сарфароз гардиданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top