Баргузори Муҳорибаи роботҳо дар доираи “Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе”

9 апрели соли равон, дар доираи “Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе” дар бинои IT парки пойтахт нахустин муҳорибаи роботҳо баргузор шуд.

Дар ин чорабинӣ 21 даста иштирок намуда, 52 робот байни ҳам сабқат карданд. Муҳорибаи роботҳо яке аз намудҳои варзиши муосир ба ҳисоб рафта, дар саросари ҷаҳон ҳазорҳо шавқмандон дорад. Қоидаҳои ин бозӣ ба варзиши Сумо шабоҳат дошта, дар майдони гирд ду робот бо ҳам қувваозмоӣ мекунанд. Роботе, ки аз хатти муайяншудаи давра аввалин шуда берун меравад, мағлуб ҳисоб мешавад.

Ҷараёни сабқат бо назорати доварони ботаҷриба ва кордон сурат гирифт. Барои таъмини шаффофият, ҳама раванди сабқат ба таври онлайн дар экранҳои калон намоиш дода шуд, то аҳли нишаст ва дигар шавқмандони чорабинӣ онро тамошо кунанд.

Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар пойтахти мамлакат “Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе” баргузор мегардад.

САРРАЁСАТИ МАОРИФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ Хабар медиҳад.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top