Вохӯрии роҳбарияти КВД “Шаҳри ҳушманд” бо муовини сардори раёсати Президенти Федератсияи Русия оид ба ҳамкориҳои стратегӣ ва муштарак ва муовини сардори раёсати рушди технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва инфрасохтори алоқа

28 майи соли 2026 дар бинои КВД “Шаҳри ҳушманд” вохӯрии кории роҳбарияти корхона бо намояндагони Федератсияи Русия баргузор гардид.

Дар доираи сафари ҳайати меҳмонон бо фаъолияти корхона, лоиҳаҳо ва ташаббусҳои он шинос шуданд. Ҳамчунин дар рунамои корхона имкониятҳои он дар самти рақамисозии инфрасохтори шаҳр муаррифӣ гардид.

Дар доираи вохурии корӣ самтҳои ояндаи ҳамкорӣ бо КВД “Шаҳри ҳушманд” таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Вохӯрӣ бо саволу ҷавоб анҷом ёфт, ки дар ҷараёни он иштирокчиён андешаҳо ва пешниҳодҳои худро оид ба густариши ҳамкории минбаъда мубодила карданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top