26 майи соли 2026 дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрии муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ, бо директори Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ко Сакамото ва Директори калони Раёсати захираҳои об ва рушди шаҳрҳо Норио Сайто баргузор гардид.
Дар ин вохӯрӣ роҳбарияти КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)” ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе низ иштирок намуданд.
Мавзӯи асосии мулоқот баррасии лоиҳаи партовҳои сахти маишӣ, таъсиси корхонаи коркарди онҳо ва сохтани партовгоҳи нав (полигон), инчунин рушди инфрасохтори устувори оби нӯшокӣ ва беҳтар кардани шароити санитарӣ дар шаҳри Душанбе буд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои ҳамкории минбаъда изҳор намуданд.



Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte