Рӯзҳои 14–18 апрели соли 2026 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ таҳти унвони “Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: САБЗ. РАҚАМӢ. ҲУШМАНД” оғоз ёфт.
Маросими ифтитоҳи Форум бо иштироки роҳбарон ва намояндагони сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ расман баргузор шуд.
Барномаи Форум бо ҳамоиши ректорон, конфронсҳои байналмилалии илмию амалӣ, форуми экологии ҷавонон, форуми соҳибкорон, намоиши лоиҳаҳои илмӣ ва инноватсионӣ, олимпиадаҳо, озмунҳо ва чорабиниҳои фарҳангию экологӣ ғанӣ гардонида шудааст.
Дар ин чорабинии сатҳи баланд роҳбарон ва намояндагони муассисаҳои илмӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ҳайати дипломатӣ, марказҳои таҳқиқотӣ, сохторҳои соҳибкорӣ ва ВАО иштирок карданд. Намояндаҳои КВД “Шаҳри ҳушманд” низ дар Форум ҳузур доштанд.
Таваҷҷуҳи махсус дар барномаи Форум ба ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди устувор, иқтисоди сабз, зеҳни сунъӣ, технологияҳои рақамӣ, идоракунии захираҳои об ва ҳифзи муҳити зист равона гардид.
Форум заминаи нав барои густариши шарикӣ ва ҳамкории созанда миёни давлатҳо, муассисаҳои илмӣ ва бахши хусусӣ фароҳам оварда, то 18 апрел идома меёбад.







Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte