Дар доираи ҳафтаи технологияҳои Фландрия‑2026, роҳбари Академия ва кампуси Wintercircus дар шаҳри Гент, Шоҳигарии Белгия, Бруно Вандегехухте бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуд. Мавзӯи асосии суханронии ӯ ба рушди экосистемаи инноватсионӣ, усулҳои муосири таълим ва нақши кластерҳои технологӣ дар ташаккули ояндаи рақамӣ бахшида шуд.
Бруно Вандегехухте фаъолияти кампуси Wintercircus-ро ҳамчун яке аз марказҳои калидии инноватсия муаррифӣ кард, ки стартапҳо, муассисаҳои таҳқиқотӣ, муассисаҳои таълимӣ ва намояндагони бахши тиҷоратро муттаҳид месозад.
Ӯ махсусан ба масъалаи омода намудани мутахассисони баландихтисос барои соҳаи технология, татбиқи ҳалли пешрафта дар самти рақамисозӣ ва фароҳам овардани муҳити мусоид барои рушди соҳибкорӣ таваҷҷуҳ намуд.
Ҳафтаи технологияҳои Фландрия ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, мубодилаи таҷрибаи беҳтарин ва офаридани имкониятҳои нав барои амалӣ намудани ташаббусҳои умедбахши технологӣ мусоидат мекунад.





Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte