Ҳафтаи технологии Фландрия дар доираи Фестивали Фландрияи Технология ва Инноватсия 2026

Роҳбарияти КВД “Шаҳри ҳушманд Smart city”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар шаҳри Антверпени Шоҳигарии Белгия дар чорабинии байналмилалии “Flanders is open for business” ширкат варзиданд.

Ин чорабинӣ ба тамоми соҳаҳои навовариҳои технологӣ бахшида шудааст, аз ҷумла технологияҳои рақамӣ, амнияти киберӣ, биотехнология ва зеҳни сунъӣ.

Иштирокчиён имконият пайдо мекунанд, ки бо намояндагони баландпояи ташкилотҳо ва ширкатҳои пешсаф вохӯрда, мубодилаи афкор намоянд.

Барномаи чорабини мулоқотҳо ва сафарҳои бодиққат тарҳрезишударо дар бар мегирад, ки бо шахсиятҳои калидӣ аз бахшҳои давлатӣ, хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ сурат мегиранд

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top