Баргузории семинар дар мавзуъи роҳандозии барномаи электронии eTib дар муассисаҳои тиббии шаҳри Душанбе

16 марти соли 2026 дар бинои IT Park-и шаҳри Душанбе КВД “Шаҳри ҳушманд” дар якҷоягӣ бо Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе бо иштироки масъулини соҳаи тандурустӣ семинар-машварат дар мавзӯи “Роҳандозии барномаи электронии eTib дар муассисаҳои тиббии шаҳри Душанбе бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ” баргузор гардид.

Чорабинии мазкур қадами нав дар самти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ буда, бо ин мақсад қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 1 ноябри соли 2025 “Дар бораи татбиқи барномаи электронии eTib дар муассисаҳои тиббии шаҳри Душанбе бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ” ба тасвиб расидааст.

Бо мақсади санҷиши амалии низом ва мутобиқсозии он ба фаъолияти муассисаҳои тиббӣ, дар 6 муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи электронӣ ба таври таҷрибавӣ роҳандозӣ гардида истодааст.

Татбиқи барномаи мазкур ба рақамикунонии соҳаи тандурустӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунии муассисаҳои тиббӣ, шаффофияти хизматрасонӣ ва беҳтар гардидани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мусоидат менамояд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top