Вохӯрии корӣ оид ба татбиқи платформаи “eTib” дар соҳаи тандурустӣ

13 марти соли 2026 дар бинои Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрии корӣ бо иштироки сардори Раёсати тандурустӣ Хушвахт Салим, роҳбарияти КВД “Шаҳри ҳушманд” ва дигар масъулон дар доираи лоиҳаи “eTib” баргузор гардид.

Мақсади вохӯрӣ татбиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018 “Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025” ва аз 30 сентябри соли 2021 “Дар бораи Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” инчунин дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз моҳи ноябри соли 2025 барои татбиқи барномаи “eTib” дар тамоми муассисаҳои зертобеи раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ҷори намудани барномаи “eTib” мебошад.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо лоиҳаи “eTib”-и КВД “Шаҳри ҳушманд”-ро дар соҳаи тандурустӣ тариқи рунамо баррасӣ намуданд. Таъкид гардид, ки бунёди платформаи рақамии тандурустии шаҳри Душанбе “eTib” вазифаҳои банақшагирӣ, тақсимот ва баҳисобгирии захираҳои кормандони тиб, техникаи тиббӣ ва назорати нишондиҳандаҳои асосии стратегии соҳаи тандурустиро фаро мегирад.

КВД “Шаҳри ҳушманд” ҳамроҳ бо Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе нақша дорад, ки дар оянда таҳлили ҳамаҷонибаи рақамикунонии соҳаи тандурустиро амалӣ намуда, ба баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ дар ин самт мусоидат намояд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top