27 феврали соли 2026 дар бинои Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”–и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрии маҷозӣ миёни намояндагони Бонки рушди Авруосиё ва роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар мулоқот муовини Раиси шаҳри Душанбе Саломзода Раҳмиддин Салом, сардори шуъбаи нақлиёти шаҳри Душанбе Абдувоҳидзода Ҳусейн, директори КВД “Шаҳри ҳушманд” Саъдӣ Самадзод, муовини директор оид ба масъалаҳои техникии КВД “Шаҳри ҳушманд” Мансуров Баҳром, директори Фонди ташаббусҳои рақамии Бонки рушди Авруосиё Петров Александр Владимирович ва директори фаъолияти лоиҳавии Намояндагии БРА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кулиев Парвиз Раҳматуллоевич иштирок намуданд.
Мавзӯъҳои асосии мулоқот таъсиси маркази асосӣ (хаби) логистикӣ дар шаҳри Душанбе, моделсозии нақлиёти шаҳрӣ ва таъсиси парки нави автобусҳои муосир барои беҳтар намудани сифати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ баррасӣ шуд.
Иштирокчиён аҳамияти рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва ҷорӣ намудани ҳалли рақамиро барои баланд бардоштани самаранокии муҳити шаҳрӣ таъкид карданд. Дар ҷараёни мулоқот қадамҳои муштарак барои амалӣ намудани лоиҳаҳо муайян гардиданд, ки ҳадафашон беҳтар намудани инфрасохтори нақлиётӣ барои сокинони шаҳри Душанбе мебошад.


Переводы: Тоҷикӣ
Поделиться

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte