Ҷаласаи системаи иттилоотии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе “eDonish”

23 феврали соли 2026 дар бинои КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart City)”- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба таҳлил ва баррасии фаъолияти барномаи электронии “eDonish” баргузор гардид.

Дар ҷаласа Рустамзода Фарход, муовини аввали директори КВД «Шаҳри ҳушманд», инчунин Фарход Табарович ва Аминҷонзода Парвина, муовинони сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Каримзода Шавкат директори Маркази ҷумҳуриявии таълимии методии назди Вазорати маориф ва илм, роҳбарону масъулони соҳаи маориф ва муассисаҳои марбут ба фаъолияти барномаи электронии «eDonish» инчунин мудирони кабинетҳои методии шӯъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт иштирок намуданд.

Барномаи “eDonish” ҳамчун як иқдоми нав дар самти рақамисозии соҳаи маориф дар шаҳри Душанбе роҳандозӣ шудааст.

Ҳадафи асосии он баланд бардоштани сифати таҳсилот, истифодаи технологияҳои муосир ва ташкили муҳити ягонаи иттилоотӣ барои муассисаҳои таълимии пойтахт мебошад. Ин ҷаласа қадами муҳим дар рушди низоми маорифи рақамӣ ба ҳисоб меравад ва заминаи устувор барои татбиқи минбаъдаи барнома фароҳам меорад.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top