БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ УМУМӢ ВА ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ШАҲРИ ҲУШМАНД”-и КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

21-уми январи соли 2026 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шаҳри ҳушманд”-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ маҷлиси умумӣ баргузор гардид.

Дар маҷлиси мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло, Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шаҳри ҳушманд”-и Саъдӣ Самадзод ва аъзои ташкилот ширкат варзиданд.

Дар рӯзномаи ҷаласа сараввал суханронии муовини якуми директор Рустамзода Фарход Рустам оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар соли 2025 шунида шуд.

Инчунин Раиси ташкилот Саъдӣ Самадзода оид ба омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 16 декабри соли 2025 бо назардошти нақшаи чорабинӣ баромад намуд.

Дар рафти ҷаласа Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Курбонзода Убайдулло вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ баромад намуда, инчунин нақшаи кори ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ барои соли 2026 тасдиқ гардид.

Дар идома таъкид гардид, ки фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бояд минбаъд низ дар самти татбиқи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ ва иҷрои нақшаҳои давлатӣ густариш ёбад. Қарорҳои қабулгардида ба таҳкими фаъолияти ҳизбӣ ва омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ равона гарданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top