Санаи 19 январи соли 2026, дар бинои Донишгоҳи Славянии Тоҷикистон-Россия мулоқоти расмии ректори Муассисаи байнидавлатии таҳсилоти олии «Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Россия» Иброҳимзода Илҳомуддин Раҷабалӣ ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Саъдӣ Самадзод баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои муҳими рушди ҳамкориҳои мутақобил, табодули таҷриба ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти рақамикунонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар поёни мулоқот Шартномаи ҳамкорӣ оид ба хизматрасонӣ дар соҳаи иттилоотикунонии раванди таълим ба имзо расид. Ҳадафи асосии шартнома ин, ба роҳ мондани барномаи электронии «eDonish» ҷиҳати таъмини иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистону Русияи назди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, таҳкими робитаҳои илмӣ ва таълимӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири рақамӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ ва омода намудани мутахассисони баландихтисос мебошад.
Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки ҳамкории имзошуда барои рушди устувор, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва мутобиқшавӣ ба талаботи замони муосир заминаи мусоид фароҳам меорад.


Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte