Вохӯрӣ бо Директори Дафтари ҳамкориҳои Швейтсария

17 декабри соли 2025 вохӯрии директори КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» – Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Сади Самадзод бо роҳбари Дафтари ҳамкориҳои Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Дениз Люти Кришан баргузор гардид.

Аз ҷониби КВД «Шаҳри ҳушманд» презентатсия оид ба фаъолияти корхона ва лоиҳаҳои он пешниҳод шуд. Дар ҷараёни презентатсия таваҷҷуҳи махсус ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишӣ» равона гардид, ки ҳадафи он такмили низоми ҷамъоварӣ, ҷудосозӣ ва коркарди партовҳо, коҳиши таъсири манфӣ ба муҳити зист ва баланд бардоштани фарҳанги экологии аҳолӣ мебошад. Ҳамчунин лоиҳаи «eTib», ки ба рақамикунонии соҳаи тандурустӣ равона шудааст, мавриди баррасӣ қарор гирифт ва як қатор лоиҳаҳои иҷтимоӣ, ки ба рушди инфрасохтори ҷамъиятӣ ва беҳтарсозии сифати зиндагӣ нигаронида шудаанд, муҳокима гардиданд.

Дар доираи вохӯрӣ ҷонибҳо аҳамияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва мубодилаи таҷрибаи беҳтаринро таъкид намуда, инчунин барои густариши минбаъдаи шарикӣ изҳори таваҷҷуҳ карданд.

Дар натиҷаи вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба идомаи муколама ва таҳияи пешниҳодҳо барои амалисозии лоиҳаҳои муштарак ба мувофиқа расиданд. Вохӯрӣ дар фазои созанда ва корӣ баргузор шуда, ҷонибҳо оид ба самтҳои калидии рушди ҳалли устувор ва рақамӣ дар шаҳри Душанбе мубодилаи назар намуданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top