Вохӯрии ҷамбастии миссияи Бонки ҷаҳонӣ оид ба лоиҳаи “Рушди устувори шаҳри Душанбе” бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ баргузор шуд

5 декабри соли 2025 вохӯрии директори КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ доир ба лоиҳаи «Рушди устувори шаҳри Душанбе» баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаро ҷамъбаст намуда, дастовардҳои бадастомадаро дар самти муосиргардонии инфрасохтори идоракунии партовҳои сахти маишӣ баррасӣ карданд.

Таъкид гардид, ки корҳои анҷомдодашуда оид ба таҳияи асосноккунии техникию иқтисодӣ, вазифаҳои техникӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ барои рушди минбаъдаи низоми идоракунии партовҳои сахти маишӣ заминаи устувор фароҳам меоранд.

Ҳамзамон, дар доираи вохӯрӣ ҷонибҳо вазифаҳои афзалиятнокро муайян намуда, нақшаи пешакии соли 2026 ро баррасӣ карданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ намояндагони Бонки ҷаҳонӣ аз натиҷаҳои бадастомада изҳори қаноатмандӣ намуда, ба онҳо баҳои баланд доданд ва ҳамкории муваффақро дар доираи ин лоиҳа таъкид карданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top