Вохӯрӣ оид ба лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе»

19 ноябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе, таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ, бо иштироки роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, як қатор вазорату идораҳо ва сохторҳои шаҳрӣ, намояндагони Бонки Авруосиёгии рушд ва роҳбарияти ширкатҳои мобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯрии корӣ бо сохторҳои дахлдор баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот ба намояндагони ниҳодҳои шаҳрӣ тарҳи нави «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» бо модули таҳлилӣ муаррифӣ гардид. Ҳангоми презентатсия имкониятҳои асосии лоиҳа, намунаҳои геопортал ва ҳисоботи таҳлилӣ нишон дода шуда, марҳилаҳои татбиқ ва нақши ҳар як муассиса дар амалисозии он тавзеҳ ёфт.

Ин ташаббус барои тақвияти ҳамкории сохторҳои шаҳрӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ, суръат бахшидани расонидани хизматҳои давлатӣ ва таъмини шаффофияти равандҳои идоракунӣ равона шудааст.

Дар фарҷоми вохӯрии мазкур ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои минбаъда изҳор намуданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top