19 ноябри соли 2025 дар бинои Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»– и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрии роҳбарияти корхона бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ оид ба лоиҳаи «Муосиргардонии низоми ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ дар Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар оғоз меҳмонон бо фаъолияти корхона ва лоиҳаҳои амалишавандаи «Ҳушманд» шинос гардида, рӯнамоии муфассал оид ба самтҳои асосии фаъолият пешниҳод шуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои арзёбии дастовардҳо ва мушкилоти мавҷудаи шаҳр дар татбиқи ҳадафҳои рушди устувор, пешбурди ташаббусҳои марбут ба беҳбудии муҳити зист ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии устувор дар шаҳрҳо ва ташкили платформаҳои муштарак барои мубодилаи таҷриба бо кишварҳои дигар дар самти рақамисозӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин, дар ҷараёни суҳбат нақшаҳои ояндаи ҳамкорӣ ва имкониятҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва татбиқи нақшаҳои муштарак ҷиҳати рушди устувори рақамӣ дар шаҳри Душанбе таъкид намуданд.



Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte