Таҷлили 31-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар КВД “Шаҳри ҳушманд”

5 ноябри соли 2025 дар Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”–и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷаласа бахшида ба 31-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарият ва кормандони корхона иштирок карда, ҳозиринро бо ин рӯзи таърихӣ табрик намуданд. Зимни суханронӣ зикр шуд, ки Конститутсия ҳамчун санади асосӣ роҳи рушди Тоҷикистонро муайян карда, мавқеи онро дар ҷаҳон мустаҳкам намудааст.

Қайд шуд, ки Конститутсия дар марҳилаи душвори таърихӣ ҳамчун нерӯи муттаҳидсозандаи ҷомеа баромад намуда, фарҳанги сулҳ ва ҳамдигарфаҳмиро дар ҷомеа поягузорӣ кард. Маҳз ҳамин арзишҳо ба татбиқи ҳадафҳои созандаи давлат ва таҳкими пояҳои ҳуқуқии он мусоидат намуданд.

Дар идомаи ҷаласа, кормандони дорои таҷрибаи зиёди кор дар сохторҳои давлатӣ фикру андешаҳои худро оид ба аҳамияти сиёсӣ ва ҳуқуқии Конститутсия баён намуда, нақши онро дар таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди устувори кишвар муҳим арзёбӣ карданд.

Дар анҷом, роҳбарияти корхона аҳли нишастро ба муносибати ин ҷашни фархунда табрик намуда, даъват ба амал овард, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон муқаррароти Конститутсияро сармашқи фаъолияти касбӣ ва зиндагии худ қарор дода, дар пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар саҳмгузор бошад.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top