Иштироки КВД “Шаҳри ҳушманд” дар Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе Инвест – 2025”

15 октябри соли 2025, дар Муассисаи давлатии маҷмааи “Кохи Ваҳдат”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» баргузор гардид.

Дар Форуми мазкур намояндагон аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, КВД “Шаҳри ҳушманд”, созмонҳои байналмилалӣ, роҳбарони ширкатҳои бонуфуз, муассисаҳои молиявӣ ва соҳибкорони хориҷӣ иштирок намуданд.

Барномаи форум ҷаласаҳои пленарӣ, панелҳои мавзӯӣ ва ҷаласаҳои махсусро дар бар гирифт, ки ба масъалаҳои рақамисозӣ, зеҳни сунъӣ, рушди шаҳрҳои оянда, энергетикаи “сабз” ва соҳибкорӣ бахшида шуда буданд.

Ҳамзамон, директори КВД “Шаҳри ҳушманд” дар ҷаласаи панели дуюм иштирок намуда, дар баромади худ қайд намуданд, ки масъалаҳои рақамисозӣ, зеҳни сунъӣ, ва шаҳрҳои ҳушманд, бехатар ва экологӣ дар маркази таваҷҷуҳи сиёсати рушди устувор қарор доранд.

Инчунин, таъкид намуд, ки татбиқи технологияҳои нав дар соҳаи инфрасохтор, идоракунии захираҳо ва хизматрасониҳои шаҳрӣ на танҳо самаранокии идоракуниро баланд мебардорад, балки ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии сокинон, коҳиши таъсири экологӣ ва таъмини амнияти умумӣ мусоидат мекунад.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top