17 ва 18 июли соли 2025 дар доираи Лоиҳаи «Рушди устувори шаҳри Душанбе» аз ҷониби ширкати машваратӣ оид ба гузаронидани «Арзёбии таъсири экологӣ ва иҷтимоии лоиҳа» барои кормандони КВД «Шаҳри ҳушманд» ва иштирокчиёни манфиатдор тренинги омӯзишӣ дар мавзӯи «Шарҳи сиёсати иҷтимоӣ ва экологӣ ва стандартҳои Бонки Умумиҷаҳонӣ» баргузор гардид.
Дар ҷараёни тренинг, кормандони КВД «Шаҳри ҳушманд» ва иштирокчиёни манфиатдор бо стандартҳои экологӣ ва иҷтимоии Бонки Умумиҷаҳонӣ шинос гардида, ки ҳадаф аз таъмини устуворӣ, адолати иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зист ҳангоми татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ буда, ки аз ҷониби Бонк маблағгузорӣ мешаванд.
Маврид ба зикр аст, ки стандарти экологӣ ва иҷтимоии Бонки Умумиҷаҳонӣ барои лоиҳаҳое, ки бо маблағгузории Бонк амалӣ мешаванд, ҷиҳати коҳиш додани зарар ба шаҳрвандон ва муҳити зист ва рушди устувор равона гардидааст.
Ҳамзамон, дар доираи тренинг масъалаҳои муҳими дигар, аз ҷумла заминаи меъёриву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботи таҷрибаи пешқадами байналмилалии соҳавӣ дар самти партовҳои сахти маишӣ ва таҳлили муқоисавии талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тренинг ба ҳайси майдони муфид барои мубодилаи таҷриба ва баланд бардоштани сатҳи тахассуси кормандони КВД «Шаҳри ҳушманд» ва ҷонибҳои манфиатдори лоиҳаи «Рушди устувори шаҳри Душанбе» хизмат кард. Маълумоти гирифташуда ба татбиқи самараноки ташаббусҳои лоиҳа дар самти рушди устувори шаҳр мусоидат хоҳад кард.




Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte