Мулоқоти Раиси кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини сардори Хадамоти хариди давлатии Кореяи Ҷанубӣ

21 майи соли 2025 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовинони Раиси кумитаи Давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур бо муовини сардори Хадамоти хариди давлатии Кореяи Ҷанубӣ Бек Син-Бо баргузор гардид. Дар мулоқот инчунин роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе намуданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои беҳбуди фазои сармоягузорӣ дар пойтахт ва ҷалби сармояи кореяро баррасӣ карданд.  Таваҷҷуҳи асосӣ ба лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва имконияти иштироки ширкатҳои сохтмонӣ ва муҳандисии Кореяи ҷанубӣ дар таъсис ва навсозии иншоотҳои шаҳрӣ, ҷалби ширкатҳои IT-и Корея барои таҳияи платформаҳои «Шаҳри ҳушманд», ҷалби сармоя аз истеҳсолкунандагони панелҳои офтобии кореягӣ, равшании каммасрафи кӯчаҳо ва татбиқи лоиҳаҳои озмоишӣ дар ин самтҳо равона карда шуд.

Мулоқот бо нияти ҳамкории минбаъда самаранок гузашт.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top