Форум-семинар дар мавзуи «Технологияҳои алоқаи оянда»

Рӯзҳои 14-15 майи соли 2025 дар бинои IT – Парки шаҳри Душанбе бо ташаббуси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия (ITU) форум-семинар дар мавзуи «Технологияҳои алоқаи оянда» баргузор гардид.

Мавзуъҳои меҳварии чорабиниро дастовардҳои муосири соҳаҳои алоқаи мобилӣ, моҳвораӣ ва статсионарӣ, инчунин татбиқи зеҳни сунъӣ ва автоматикунонии шабакаҳои телекоммуникатсионӣ ташкил доданд. Дар кори форум-семинар, масъалаҳо оид ба наслҳои нави алоқаи мобилӣ (аз ҷумла 5G), технологияҳои моҳвораӣ, шабакаҳои нахи оптикӣ ва коммуникатсионӣ аз ҷониби коршиносон мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Дар семинар намояндагони ширкатҳои бузурги соҳа, аз ҷумла “GSMA”, “Huawei”, “RIPE NCC” ва “IETF” иштирок карданд. Онҳо зимни суханронӣ оид ба таҷрибаи рақамикунонӣ дар ҷаҳон ва минтақа, татбиқ намудани қарорҳои рақамӣ, нақши танзимгарон дар рушди технологияҳои рақамӣ ва рушди ояндаи инфрасохтори рақамӣ андешаронӣ намуданд.

Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хабар медиҳад.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top