МИЗЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУИ “ МАВҶУДИЯТИ ТЕХНАЛОГИЯИ РАҚАМӢ БА МАНФИЯТИ ИҚДИСОДИЁТИ МИЛЛӢ”

Тибқи нақша чорбиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар доираи эълон гардидани солҳои 2025-2030 ҳамчун “Солҳои рушди иқдисоди рақамӣ ва инноватсия” санаи 16-майи соли ҷорӣ миззи мудаввар дар мавзуи “Мавҷудияти техналогияи рақамӣ ба манфияти иқдисодиёти миллӣ” дар IT-PARK-и шаҳри Душанбе бо иштироки ҷавонон ва донишчуёни донишгоҳи ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ баргузор гардид.

Мақсад аз баргузории миззи мудаввар ин дар ҷаҳони муосир бидуни иқтисоди рақамӣ тасаввур кардан ғайри имкон мебошад. Зеро иқтисоди рақамӣ қисми ҷудонашавандаи ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии субъектҳои хоҷагидорӣ буда, ба ҳадафи стратегии сиёсати давлат мусоидат намуда, баҳри беҳтар намудани сифати зиндагии мардум равона карда мешавад.

Дар ин раванд Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи нави иқтисоди рақамӣ қарор дошта, тадбирҳои муассирро барои гузариш ба рақамикунонии иқтисодиёт дар соҳаҳои гуногуни кишвар бароҳ монда, солҳои охир ба як қатор дастовардҳо ноил гаштааст, ки рақамикунонии соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ ва таҳсилоти ибтидоии касбӣ барои беҳтар намудани хизматрасониҳои давлатӣ ба аҳолӣ ва соддагардонию шаффофияти фаъолияти сохторҳои давлатӣ мусоидат менамояд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top