22 ноябри соли 2024 дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии амнияти киберӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни чорабинӣ таҳдидҳои ҷорӣ дар соҳаи амнияти иттилоотӣ, технологияҳои нав ва ҳалли системаҳои нигаҳдорӣ, инчунин тамоюлҳои лоиҳакашӣ ва сохтмони марказҳои маълумот муҳокима карда шуданд.
Дар чорабинӣ намояндагони идораҳои давлатӣ, мутахассисон ва коршиносони ин самт, инчунин ташкилотҳои хусусӣ, аз ҷумла Huawei ва Hikvision иштирок карданд.
Намояндагони КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе низ дар ин чорабинӣ иштирок намуда, сохтмони аввалин Маркази маълумотро Љумҳурии Тоҷикистонро, ки ба стандартҳои байналмилалии амниятӣ ҷавобгӯй мебошад, қайд намуданд.
Чорабинӣ ба табодули таҷриба ва донишҳои муосир, ки ба мубориза бо таҳдидҳои киберӣ ва баланд бардоштани сатҳи системаҳои иттилоотӣ мусоидат мекунанд.





Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte