Аз 5 то 8 ноябр ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар форуми ҷаҳонии шаҳрҳо дар шаҳри Қоҳираи Ҷумҳурии Арабии Миср иштирок намуда, дар доираи он нахустин баррасии ихтиёрии маҳаллии шаҳри Душанбе дар мавзӯи “Душанбе: ояндаи устувор ва ҳушманд “муаррифӣ гардид.
7 ноябри соли 2024 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии иловагӣ дар мавзӯи “Тавсеаи ҳалли маҳаллӣ дар заминаи мушкилоти глобалӣ тавассути идоракунии миллӣ ва маҳаллӣ” иштирок ва суханронӣ намуд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода А. С. марҳилаҳои омодасозии баррасии ихтиёрии маҳаллии шаҳри Душанбе ва механизми кори онро бо дигар вазорату идораҳои масъули кишвар, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони хориҷӣ қайд намуд.
Дар натиҷаи чорабинӣ байни иштирокчиён муколамаи озод оид ба масъалаҳои баррасишаванда баргузор гардид.





Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte