17 сентябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи IX вазирон оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор гардид, ки як майдони муҳими муколама ва таҳияи тавсияҳо оид ба рушди устувор байни намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ гардид.
Дар доираи чорабинӣ раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода рӯзи 16-уми сентябр бо роҳбарони бахшҳои дар ҷаласа иштирокдошта як қатор вохӯриҳо доир намуд.
Аз ҷумла, Рустам Назарзода бо сардори Раёсати офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои изтирории Ҷумҳурии Туркия Окай Мемиш ва раиси Идораи миллии мубориза бо офатҳои табиии Ҷумҳурии Исломии Эрон генерали бригада Муҳаммад Ҳасан Намӣ мулоқот намуд.
Дар рафти вохӯриҳо Роҳбари Кумита барои фаъолияти муштарак ва саҳмгузорӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ изҳори сипос намуда, ҷиҳати беҳтар намудани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт як қатор пешниҳодҳо ба миён гузоштанд.
Дар натиҷаи вохӯриҳо оид ба мусоидат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои пешгирии офатҳои табиӣ, ташкили курсҳои омӯзишӣ, тайерӣ ва бозомӯзии кадрҳо, беҳтар намудани иттилоъдиҳии аҳолии идораи наҷоти мамлакат ба мувофиқа расиданд.
Дар доираи ин чорабинии байналмилалӣ ҷаласаи гурӯҳи коршиносони маҷлиси вазирон оид ба кам кардани хатари офатҳои табиии кишварҳои иштирокчии Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид.

khovar.tj Хабар медиҳад.
Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte