Иштироки намояндагони КВД «Шаҳри ҳушманд» дар ҳафтаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионии Узбакистон – ICTWEEK UZBEKISTAN

Аз 17 то 20 сентябри соли 2024 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбакистон ҳафтаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионии Узбекистон – ICTWEEK UZBEKISTAN баргузор гашта истодааст.
Ҳафтаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионии Узбекистон – ICTWEEK UZBEKISTAN – ин чорабинии калон ва муҳим дар самти технологияҳои иттилоотӣ ба шумор рафта, аз соли 2004 инҷониб дар Узбекистон гузаронида мешавад.

Мақсади асосии ICTWEEK ин ташкили платформа барои мубодилаи таҷриба ва намоиши комёбиҳо дар самти технологияҳои муосир ва инноватсия ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин он майдони беҳтаринест барои намоиши ҷолибияти бозори IT-и Узбекистон ба сармоягузорони хориҷӣ барои ҳамкории давлат, ширкатҳо ва истеъмолкунандагон.

Намояндагони КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» – Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамчунин дар чорабинии мазкур иштирок карда, фаъолона дар вохӯриҳо, сӯҳбатҳо ва гуфтушунидҳо бо мутахассисоне, ки таҷрибаи кории зиёд дар соҳаи IT доранд, ширкат иштирок доранд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top