Барои муайян кардани сатҳи зудҳаракатии интеллектуалӣ омилҳои зерин истифода мешаванд:
-
таъмини саривақтии шаҳрвандон бо нақлиётҳои мусофиркаш;
-
таъмини дастрасии ТИК (Интернет ва ғайра);
-
таъмини бехатарии системаи нақлиётӣ ва инноватсионӣ.
Wi-Fi-и ройгон дар нақлиёти ҷамъиятӣ
Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» (Smart city)»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо ширкати “Zet-Mobile“ бахшида ба ҷашни байналмилалии «Наврӯз» дар нақлиёти ҷамъиятии хатсайри автобусҳои №,3,8,1,4,43,7,22 ва тролейбусҳои №1,10 васли Wi-Fi-и ройгонро барои шаҳрвандон ва меҳмонони пойтахт ба роҳ мондааст.
Пайвастшавии интернети ройгон аз рӯи технологияи Wi-Fi дар дигар хатсайрҳои нақлиёти ҷаъмиятии мусофиркаши шаҳр идома дорад ва дар оянда ҳамаи хатсайрҳо фаро гирифта мешаванд.
























