ҳамкорӣ ва табодули таҷриба байни шаҳрҳо
ва пойтахтҳои кишварҳои сҳш дар доираи
барномаи “шаҳри ҳушманд”

6 сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе бо дастгирии
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар
доираи нақшаи кории Шӯрои кории Созмони Ҳамкориҳои
Шанхай Форуми байналмилалии “Ҳамкорӣ ва табодули
таҷриба байни шаҳрҳо ва пойтахтҳои кишварҳои СҲШ дар
доираи барномаи “Шаҳри ҳушманд” дар мавзӯи “Дурнамои
истифодаи барномаи иқтисоди рақамӣ, технологияҳои
ҳушманди низоми “Шаҳри ҳушманд” дар тиҷорат” баргузор
мегардад.

Дар рафти кори Форум аъзоёни ҳайати кишварҳои узви
СҲШ, намояндагони мақомоти давлатӣ, намоядагони
сафоратҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои
соҳибкорӣ навовариҳои имконияти технологияҳои муосири
иттилоотӣ ва таъсири онҳо ба рушди инфрасохтори пойтахтҳо
ва шаҳрҳои кишварҳои СҲШ -ро баррасӣ хоҳанд кард.

Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд”-и мақомоти
иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Шуморо
барои иштирок дар Форум даъват менамояд.

Макони баргузории Форум, китобхонаи милии Тоҷикистон,
кучаи Теҳрон-5, вақти баргузорӣ соати 9-00 (3-ошёна,
толори №5).







    Барои иштирок дар СҲШ ба Шумо бақайдгирӣ лозим меояд

    Иштирок дар формати


    Рақами телефон барои тамос 227-47-45