Рушди муносибатҳои ҳамкорӣ байни Русия ва Тоҷикистон

2-марти соли 2023 дар шаҳри Душанбе 9-умин Конфронс оид ба ҳамкориҳои байниминтақавии Русия – Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чаҳорчӯбаи баргузории ин конфронс беш аз 20 санади ҳамкорӣ имзо гардиданд.

Дар сесияи 6-уми ин конфронс “Москва-Душанбе: векторҳои нави ҳамкориҳои дуҷониба” Меморандуми ҳамфикрӣ ва ҳамкорӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, корпоратсияи “Синергия” ва ташкилоти мустақили ғайритиҷоратии “Агентии сармоягузории Авруосиё” ба имзо расид.

Меморандум таъсиси шарикӣ ва рушди ҳамкориҳоро дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти «Шаҳрҳои ҳушманд», аз ҷумла хизматрасониҳои давлатӣ, идоракунии шабакаи нақлиёти шаҳрӣ, истифодаи оқилонаи нерӯи барқ, тандурустӣ, истифодаи оқилонаи об ва коркарди партовҳоро дар бар мегирад.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top