Ҷаласаи корӣ бо маъмурони техникии барномаи “eDonish”

Бо мақсади ҷорӣ намудани кори мунтазами барномаи электронии “eDonish”, 14 январи соли 2023 мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Сино Давлатзода Насим бо ҳамаи маъмурони техникии барнома дар муассисаҳои таълимии ноҳия ҷаласаи корӣ доир намуданд.

Зимни баргузории ҷаласа Давлатзода Насим қайд намуданд, ки бомуваффақият мавриди амал қарор додани барномаи электронии “eDonish” дар 42 муассисаи таълимии зертобеи маорифи ноҳияи Сино яке аз муваффақиятҳои соҳаи маориф мебошад. Рафти кори барномаро дар муассисаҳои таълимӣ таҳлил намуда барои бартараф намудани баъзе камбудиҳои ҷойдошта ба маъмурони техникӣ супориш доданд.

Гуфтан ба маврид аст, ки кори ҳамарӯзаи барномаи электронии “eDonish” зери таваҷҷуҳ ва назорати доимии мудири маориф Давлатзода Насим қарор дорад.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top