5 сентябри соли 2022 Форуми сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея, ки аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда буд баргузор гардид.
Дар Форум бо сухани муқаддимавӣ раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ – Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод, Вазири саноат ва технологияҳои нав – Шералӣ Кабир ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Точикистон Квон Донг Сок ифтитоҳ намуданд.
Дар ин Форум намояндагони соҳаҳои саноат, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, сайёҳӣ, тиб ва бахши хидматрасонии ду кишвар иштирок доштанд.
Дар доираи Форум директори КВД «Шаҳри ҳушманд» Саъдӣ Самадзод оид ба лоиҳаҳои корхона маърӯза намуд. Вазифаи «шаҳри ҳушманд» автоматикунонии чунин соҳаҳо ба монанди маориф, тандурустӣ, хизматрасонӣ мебошад, ки истифодаи технологияҳои гуногун ва ҳалли технологиро талаб мекунад.
Ҳадаф аз баргузории ин Форум ошнои бо фазои сармоягузорӣ ва имконоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин роҳандозии иртибот миёни доираҳои тиҷоратии ду кишвар ва бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва саноатӣ дар кишвар мебошад.
Иштирокчиёни форуми сармоягузории Тоҷикистону Корея ба рушди муносибатҳое, ки тамоми соҳаҳои ҳамкориҳои иқтисодиро фаро мегиранд, баҳои баланд доданд.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед