Миссияи Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишӣ» дар шаҳри Душанбе

.

12 сентябри соли 2022 ҳайати Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишӣ», ки ҳадаф аз он таҳлил ва ҷамъоварии маълумот дар ин самт мебошад, вориди Душанбе шуданд.

Бонки умумиҷаҳонӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва КВД «Шаҳри ҳушманд» лоиҳаи мазкурро, ки таҳқиқоти саҳроиро дар бар мегирад моҳи июни соли 2022 оғоз намуданд. Дар доираи ин миссия вохӯрӣ бо муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед баргузор гардид.

Намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ ҷиҳати гузаронидани таҳлил ва ҷамъоварии маълумот бо Корхонаҳои воҳиди давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе, ки ба ҷамъоварии партовҳои сахти маишӣ машғуланд, мулоқотҳо ба нақша гирифтаанд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top