КӮМАКИ АМАЛӢ-МЕТОДӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ШАҲРИ ҲУШМАНД”

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо мақсади мутобиқ намудани ҳуҷҷатгузории ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба талаботҳои Оиннома, Низомнома ва дастурамали Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, оид ба омӯзиш ва расонидани ёрии методӣ, назорати ҳаракати аъзои ҳизб, супоридани ҳаққи узъвият ва фаъолияти дохилиҳизбӣ оид ба тартиби аъзошавӣ гуруҳи корӣ иборат аз кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб таъсис дода шуда ба ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ сафарбар карда шуданд.

Бо ин мақсад гуруҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шаҳри ҳушманд” -и КВД “Шаҳри ҳушманд” боздид намуда, нисбати тартиби ҳуҷҷатгузорӣ, супоридани ҳаққи узвият ва ҳармоҳа дар шаҳодатномаҳои ҳизбии аъзоён ба қайд гирифтани он кӯмаки амалӣ – методӣ расонида шуд.

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top