Вохӯрӣ бо Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

28 июли соли 2023 Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Қурбонализода Нурулло Шамсулло бо мақсади шиносоӣ бо барномаи «Пардохти ҳушманд (Smart pay)» аз Маркази идоракунии лоиҳаҳои корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» дидан ба амал оварданд.

Имрӯз дар аксари кишварҳои ҷаҳон шакли пардохтҳои ғайринақдӣ роҳи асосии анҷом додани муомилоти пардохтӣ мебошад. Маъруфияти ин формат таъмини суръат, қулай ва бехатар ва инчунин имконияти ба даст овардани имтиёзҳои иловагӣ, ки ба афзоиш ва ҷалби муштариёни нав нигаронида шудааст, шарҳ дода мешавад.

Аз 1 августи соли 2023 сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои гузаштан ба пардохтҳои ғайринақдӣ дар фаъолияти худ аз барномаи «Пардохти ҳушманд (Smart pay» истифода мебаранд.
Дар ин бора қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ қабул гардидааст.
Аз ҷониби роҳбарият КВД «Шаҳри ҳушманд» ва мутахассисони лоиҳа барномаи «Пардохти ҳушманд (Smart pay)» муаррифӣ карда шуд.

Ба корҳои анҷомдодашуда ва самаранокии барномаи мазкур баҳои баланд дода шуд ва дар назди Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» ва роҳбарияти барномаи «Пардохти ҳушманд (Smart pay)» ҷиҳати ҳарчи тезтари татбиқи минбаъдаи бомуваффақияти барнома вазифаҳо гузошта шуданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top