Вохӯри дар Вазорати корҳои хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Санаи 20-21 феврали соли 2023 таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода нишасти кории маҷозии муовини раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон ва КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа баргузор гардид.

Зимни он, ҷонибҳо доир ба натиҷаҳои рушди соҳаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ, саноат, сайёҳӣ ва энергетикаи шаҳр дар соли 2022, дастовардҳо ва имконияту мушкилиҳо дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати таъсиси корхонаҳои муштарак ибрози ақида намуданд. Аз ҷониби КВД «Шаҳри ҳушманд» лоиҳаҳои дар соҳаи рақамикунонии шаҳри Душанбе муаррифӣ карда шуданд. Иштирокдорон ба мақсади амалигардонии дастуру супоришҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва татбиқи бомароми ҳадафи чоруми стратегӣ оид ба саноатикунонии босуръати кишвар, бадин васила ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба Душанбе дар давоми солҳои рушди саноат 2022-2026, зарурати гирифтани иқдомҳои навбатии муштаракро дар соли 2023 махсусан таъкид карданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top