Ҷамъомади идона бахшида ба “Рӯзи Модар”
Имрӯз дар Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”- и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба иди “Рӯзи Модар” ҷаласаи тантанавӣ доир гардид.
Мусаллам аст, ки Модар барои фарзанд дарҳои илму маърифатро боз мекунад, яъне аввалин омӯзгори фарзанд мебошад, ба хотири орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат беминнат талош меварзад.
Роҳбарияти корхона нақши занонро дар рушди ҷомеаи имрӯза муҳим арзёбӣ намуда, оид ба ғамхориҳои беандоза, хислатҳои нек ва нақши зан-модар дар ҷомеа ва дигар хусусиятҳои хоси ӯ баҳри беҳбудии оила ва давлат ибрози назар намуданд.
Дар интиҳои ҷамъомад бонувон бо туҳфаҳои сазовор қадрдонӣ карда шуданд.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед