ш.Душанбе. 22.07.2022. Имрӯз дар шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2022 нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва муассисаву корхонаҳои шаҳрӣ иштирок намуданд.
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2022 дар назди намояндагони васоити ахбори омма гузориш доданд.
Тавре зикр гардид, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи сиёсати бунёдкоронаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда фаъолиятро роҳандозӣ намуда, баҳри таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ, дигаргунсозиҳо дар соҳаҳои инфрасохторию хизматрасонӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, инчунин дарёфти манбаъҳои иловагии андозу пардохтҳо як қатор чорабиниҳои мушаххасро ба роҳ монд.
Бо дарназардошти роҳандозии тадбирҳои зарурӣ, дар ин давра тамоюли мусбии аксари соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва устувории нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии шаҳр таъмин карда шуд.
Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ. Мувофиқи маълумоти пешакии оморӣ Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар ин давра ба 9,4 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 107,3 фоиз ва саҳми он дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 20,3 фоизро ташкил дод.
Дар ин давра рушди МММ асосан аз ҳисоби зиёд гардидани њаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 108,3 фоиз, гардиши савдои хориҷӣ 2,6 маротиба, гардиши савдо 105,0 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 129,0 фоиз, боркашонӣ 142,9 фоиз ва мусофиркашонӣ 105,0 фоиз таъмин гардидааст.
Соҳаи саноат. Истифодаи самараноки иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, воридот-ивазкунанда ва ба содиротнигаронидашуда ҷиҳати афзоиш ёфтани соҳаи саноати шаҳр дар нимсолаи аввали соли 2022 заминаи мусоид фароҳам овард.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби 541 корхонаҳои саноатӣ новобаста аз шакли моликият ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1593,1 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 108,3 фоизро ташкил медиҳад.
Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз ҳисоби зиёдшавии истеҳсоли маҳсулотҳо дар соҳаи коркард, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, якҷо бо нӯшокиҳо ва тамоку 26,9 фоиз, истеҳсолоти нассоҷӣ, дӯзандагӣ, истеҳсоли чарм ва истеҳсоли пойафзол 2,1 фоиз, коркарди чӯбу тахта ва истеҳсоли маҳсулот аз чӯб, фаъолияти табъу нашр ва коғаз 4,9 фоиз, истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ 1,6 маротиба, истеӣсоли маҳсулоти фармасевтӣ 4,5 маротиба, истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ 2,0 маротиба, истеҳсоли мошинолот ва таҷҳизот 1,5 маротиба афзоиш ёфтааст.
Бо мақсади дастгирии рушди истеҳсолоти шаҳр, аз ҷумла пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок (10 фоизи солона, бо пули миллӣ) ба субъектҳои истеҳсолӣ Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории истеҳсолии шаҳри Душанбе» то имрӯз ба 30 субъекти хоҷагидорӣ ба маблағи 85,9 миллион сомонӣ қарз додаааст.
Истеҳсоли нерӯи барқ ва гармӣ. Тибқи маълумоти оморӣ дар моҳҳои январ – июни соли 2022 истеҳсоли энергияи барқ ҳамагӣ 835,5 миллион кВт соатро ташкил дод.
Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Душанбе дар маҷмӯъ ба миқдори 1,8 миллиард кВт соат энергияи барқ қабул гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 125,6 миллион кВт соат зиёд мебошад.
Бо мақсади паст намудани талафоти нерӯи барқ ва ҷамъоварии пурраи маблағи ҳаққи хизматрасонии он дар асоси Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консорсиуми сармоягузорон ба маблағи умумии 88 миллион доллари ИМА лоиҳаи «Низоми автоматикуно-нидашудаи назорат ва баҳисобгирии нерӯи барқ дар шаҳри Душанбе» ба имзо расонида шуд, ки айни ҳол азхудкунии маблағҳо дар доираи амалишавии марҳилаи аввали лоиҳа дар ноҳияи Сино 26 миллион доллари ИМА-ро ташкил менамояд.
Дар давраи ҳисоботӣ пардохти маблағҳо дар маҷмӯъ 34,8 миллион сомонӣ ё 109,2 фоиз (бо инобати қарзҳои пешинаи муштариён), аз ҷумла аз ҷониби аҳолӣ 11,3 миллион сомонӣ ё 117,2 фоиз ва аз ҷониби ташкилоту идораҳои гуногун 23,5 миллион сомонӣ ё 105,7 фоизро ташкил медиҳад.
Бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, №101 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021 – 2022» ва қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе барои қабули энергияи гармӣ дар пойтахт 220 адад иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки ин шумора бо дарназардошти биноҳои пайвастгардидаи солҳои пешин ба беш аз 3000 адад баробар мегардад.
Қобили зикр аст, ки бо мақсади чароғонкунии кӯчаю хиёбонҳои шаҳр дар ин давра маҷмӯан 8824 адад лампаҳо насб ва 842 адад чароғҳои фарсудашуда ба намуди чароғҳои муосири замонавии нав иваз карда шуд.
Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ. Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ бо нархҳои муқоисавӣ ба 1,9 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,4 фоиз зиёд мебошад.
Аз ҳаҷми умумии маблағҳои асосии азхудкардашуда 709,4 миллион сомонӣ ё 37,4 фоиз ба маблағгузориҳои давлатӣ, 1051,2 миллион сомонӣ ё 55,4 фоиз ба маблағгузориҳои шахсӣ ва 136,3 миллион сомонӣ ё 7,2 фоиз ба сармояҳои хориҷӣ рост меояд.
Инчунин, аз ҳисоби маблағҳои Фонди рушди пойтахт вобаста ба татбиқи лоиҳаи кории қисмати «Маҷмааи тахти тоҷикон» ва «Осорхонаи шаҳри Душанбе» дар иншооти «Майдони истиқлол» дар ҳаҷми 18,4 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда шуд.
Дар ин давра дар 13 иншооти таъиноти гуногун корҳои сохтмонӣ – васлгарӣ, бахусус дар соҳаҳои маориф 8 иншоот, фарҳанг 2 иншоот, дигар соҳаҳо 3 иншоот, инчунин дар 17 иншоот корҳои лоиҳакашию муҳаққиқӣ (дар соҳаи манзил 1 иншоот, коммуналӣ 1 иншоот, фарҳанг 5 иншоот, маориф 8 иншоот ва дар дигар соҳаҳо 2 иншоот) дар ҳаҷми 268 миллион сомонӣ корҳо иҷро гардидааст.
Дар ин давра дар 13 иншоот корҳои сохтмонию васлгарӣ ва дар 17 иншоот корҳои лоиҳакашию муҳаққиқӣ бо маром идома доранд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар соҳаи маориф корҳои сохтмонӣ, таъмир ва азнавсозӣ дар 24 иншоот барои 23690 ҷойи нишаст дар як баст ба ро монда шудааст.
Аз ҷумла, аз ҳисоби Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 3040 ҷой, аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 2420 ҷой, аз ҳисоби МД «Раёсати сохтмони асосӣ»-и шаҳри Душанбе 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 2934 ҷой ва аз ҷониби соҳибкорон сохтмони 14 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 15296 ҷой идома доранд.
Ҳамзамон, дар 16 муассисаҳои томактабӣ барои беш аз 2894 ҷой, ки дар зери биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ҷойгир мебошанд, корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд.
Маврид ба зикр аст, ки дар яке аз иншоотҳои муҳими ҷашнӣ, яъне «Майдони истиќлол» корҳо дар самти бартараф кардани 414 иншоот ба итмом расида, корҳои бунёдии манора дар ҳаҷми 100 фоиз ва корҳои ободонӣ дар ҳаҷми 98 фоиз иҷро гардидааст.
Бо дарназардошти корҳои анҷомдодашуда то инҷониб дар марҳилаҳои 1, 2 ва 3 ба маблағи умумии зиёда аз 1012,6 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ ва бартарафкунии биноҳо ба анҷом расидааст.
Бо мақсади беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ дар пойтахт бо ташаббус ва ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе бунёду азнавсозии 10 адад меҳмонхонаҳои замонавӣ дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт роҳандозӣ гардида, айни ҳол 3 адади он мавриди истифода қарор дода шуда ва дар боқимонда иншоотҳо корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд.
Бояд тазаккур дод, ки бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани корҳои ободонию созандагӣ барои солҳои 2022-2026 дар шаҳри Душанбе тасдиқ гардида, дар доираи он аз ҷониби шахсони эҳсонкор ва ташкилоту муассисаҳо 4284 чорабиниҳои гуногун, бахусус дар самти бунёди иншоотҳои иҷтимоию саноатӣ ва савдою хизматрасонӣ бо таъсиси беш аз 13,0 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ҷиҳати ба меъёрҳои шаҳрдорӣ мутобиқ намудани инфрасохтори пойтахти мамлакат ва суръат бахшидан ба таҷдиду азнавсозии роҳҳои дохилии хиёбону маҳаллаҳо, сохтмони пулҳо ва гузаргоҳҳои зеризаминӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.
Нақлиёт. Дар моҳҳои январ – июни соли 2022 бо ҳама намудҳои нақлиёт 7,4 миллион тонна бор кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 43,0 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин давра, бо нақлиёти автомобилии корхонаю ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият ва нақлиётҳои шахсони воқеӣ, ки ба боркашонии тиҷоратӣ машғуланд, 7,0 миллион тонна бор кашонида шуд, ки 95,1 фоизи ҳаҷми умумии боркашониро бо ҳама намудҳои нақлиёт ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 46,5 фоиз зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ бо ҳама намуди нақлиёт 176,3 миллион нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,0 фоиз зиёд мебошад.
Бо нақлиёти автомобилӣ ва барқӣ (корхонаю ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият, ки нақлиёти автомобилӣ доранд ва аз ҷониби соҳибкорони хусусӣ) дар ин давра 175,8 миллион нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,8 фоиз зиёд мебошад.
Бо мақсади беҳбуд бахшидани фаъолият дар самти комплекси нақлиёти автомобилии мусофирбарӣ дар доираи қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе масъалаҳои хизматрасонӣ дар соҳаи мусофиркашонӣ ва танзими фаъолияти воситаҳои нақлиёти ҷамъиятию хусусӣ зери назорати роҳбарияти мақомот қарор дорад.
Бо мақсади ҳамлу нақли мусофирон дар шаҳри Душанбе дар маҷмӯъ 5937 адад нақлиёти истифодаи умуми мусофирбар, аз ҷумла 788 адад нақлиёти мусофирбари корхонаҳои коммуналӣ, 1557 адад микроавтобусҳои сектори хусусӣ ва 3592 воситаҳои нақлиёти сабукрави таксӣ дар тавозуни корхонаҳои нақлиётии пойтахт қарор доранд.
Дар хатсайрҳои шаҳрӣ њамарӯза то 406 адад автобус, 78 адад троллейбус, 1004 адад микроавтобуси сектори хусусӣ ва 2505 адад воситаи нақлиёти сабукрави таксӣ ба фаъолият сафарбар карда мешаванд.
Маврид ба зикр аст, ки дар ин давра тибқи шартнома бо ширкати болозикр харидории 20 адад электробуси замонавии то 200 км бо нерӯи барқ ҳаракаткунанда ва 10 адад электро-троллейбуси худрави муосири то 40 км бе пайвастшавӣ ба хатти нерӯи барқ ҳаракаткунанда, инчунин ҷиҳати бо нерӯи барқ таъмин намудани электробусҳо харидории 10 адад таҷҳизоти қувватдиҳанда ба нақша гирифта шудааст.
Бо мақсади азнавсозии инфрасохтори корхонаҳои нақлиётии пойтахт лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе» бо маблағгузории иловагӣ дар ҳаҷми 8,8 миллион доллари ИМА фаъолият намуда, дар доираи он то инҷониб 4,5 миллион доллари ИМА маблағҳо аз худ карда шудааст.
Технология ва коммуникатсия. Бо мақсади рушди ҳукумати электронӣ, роҳандозӣ намудани истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ ва беҳтар намудани хизматрасониҳо дар самти иқтисоди рақамӣ дар ин давра шабакаи маҳаллии барномаи «Гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ» бо харидорӣ ва насби таҷҳизоти серверии замонавӣ, инчунин пайвастшавӣ ба воситаи алоқаи видеои марказонидашуда (видео-селектор) ва телефони бехатарии дохилӣ (SIP) байни воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе фаъол ва роҳандозӣ карда шуд.
Дар ин давра, фаъолияти сомонаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе www.dushanbe.tj тақвият дода шуда, беш аз 165 хабару эълон, маводҳои таҳлилӣ ва қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе дар он нашр гардида, манзури истифодабарандагони шабакаҳои интернетӣ гардонида шуд.
Баҳри васеъ истифода намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии муосир дар шаҳри Душанбе, бахусус дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва нақлиёт корҳои назаррас роҳандозӣ гардидааст.
Бояд қайд намуд, ки татбиқи барномаҳои соҳавӣ дар самти ҷорӣ намудани технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ, муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе пурра бо компютерҳо таъмин гардида, раванди таъминот бо тахтҳои электронӣ ва видеопроекторҳо идома дорад.
Инчунин, дар 50 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт барномаи электронии «eDonish» бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ роҳандозӣ шуда, барои назорати раванди таълим, давомот ва даромаду баромади хонандагон, инчунин барои муайян намудани рейтинги хониши мактаббачагон ба муассисаҳои таълимӣ ва волидайни онҳо мусоидат менамояд.
Гардиши савдо. Тибқи маълумоти пешакӣ дар нимсолаи аввали соли 2022 ҳаҷми умумии гардиши савдо ба 5,9 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,0 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин давра ба афзоиши ҳаҷми умумии гардиши савдо, ҳаҷми савдои яклухт 1,7 миллиард сомонӣ ё 101,3 фоиз ва савдои чакана ва таъмири автомобилҳо 4,2 миллиард сомонӣ ё 106,6 фоиз мусоидат намудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳри Душанбе ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ ба 4,9 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 29,0 фоиз зиёд мебошад.
Дар сохтори хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ саҳми корхонаҳои бахши давлатӣ ба 1,2 миллиард сомонӣ ва бахши ғайридавлатӣ ба 3,7 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 128,7 фоиз ва 129,1 фоизро ташкил медињад.
Сатҳи таваррум. Дар моҳи июни соли 2022 таваррум (нисбат ба моҳи декабри соли 2021) дар сатҳи 4,1 фоиз нигоҳ дошта шуд. Ба болоравии сатҳи таваррум дар ин давра зиёд гардидани нархи молҳои ғайриозуқаворӣ 4,0 фоиз, молҳои озуқаворӣ 6,3 фоиз ва хизматрасонӣ -0,4 фоиз таъсир расонидааст.
Зиёд гардидани нархи маҳсулоти озуқаворӣ дар ин давра асосан аз ҳисоби баланд шудани нархҳои гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ – 108,1 фоиз, равғани пахта – 14,3 фоиз, тухм – 115,9 фоиз, шакар – 113,4 фоиз, макарон – 108,7 фоиз, орди навъи 1 – 129,7 фоиз ва меваҷот – 105,6 фоиз ба амал омадааст.
Буҷет. Тибқи маълумотҳои пешниҳодгардида дар нимсолаи аввали соли 2022 нақшаи контингенти умумии даромадҳо (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба маблағи 1720,7 миллион сомонӣ ё 103,9 фоиз иҷро гардид, ки ин нисбат ба нақша 65,0 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Душанбе аз рӯи воридоти андозу пардохтҳои ҳатмӣ 105,3 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 1221,7 миллион сомонӣ маблағ ворид шуд, ки ин аз нақшаи пешбинигардида 61,7 миллион сомонӣ зиёд аст.
Бо мақсади таъмини иҷрои уҳдадории иҷтимоии давлат, барои дастгирии аҳолии камбизоати шаҳр ва беҳдошти вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар ин давра 6,6 миллион сомонӣ кумакпулиҳо равона гардидааст.
Гардиши ҳуҷҷатҳо. Дар давраи ҳисоботӣ ба мақомот 10780 ҳуҷҷат, аз ҷумла 8495 адад аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва 2285 адад аз ҷониби шахсони воқеӣ ворид гардидааст.
Аз ҷумла, аз ҷониби Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 55 адад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 457 адад, вазорату идораҳо 511 адад, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 198 адад, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо ва муассисаву ташкилоти тобеи шаҳрӣ 6695 адад, хориҷи кишвар 101 адад, бонкҳо 34 адад, барқияҳо 168 адад ва тавассути васоити ахбори омма 34 адад ворид гардид.
Аз шумораи умумии санадҳои меъёрии ҳуқуқии аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида: 13 адад Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, 10 адад амр, 7 адад фармон, 63 адад қарор, 5 адад фармоиш, 28 адад қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва 84 ададро нусха аз Протоколи маҷлисҳои Раёсат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳанд, ки сари вақт мавриди корбарӣ қарор дода шуданд.
Вобаста ба моҳияти мактубҳои воридшуда (8495) аз ҷониби мақомот ба 1431 мактуб ҷавоби расмӣ ирсол гардида, 6673 мактуб барои маълумот ва 391 мактуб дар ҳолати корбарӣ қарор доранд.
Аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе 330 адад қарор ва 135 адад амр ба имзо расидааст, ки иҷрои онҳо таҳти назорати доимӣ қарор доранд.
Муроҷиати шаҳрвандон. Дар доираи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», бо қарори Раиси шаҳри Душанбе ҷадвали қабули шаҳрвандон аз ҷониби муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, Роҳбари дастгоҳ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомот тасдиқ гардида, дар асоси он қабули шаҳрвандон ба роҳ монда шудааст.
Аз 2285 муроҷиатҳои воридгардидаи шаҳрвандон 1795 ададро муроҷиати хаттӣ, 37 муроҷиат ба воситаи сомонаи Раиси шаҳри Душанбе ва 453 муроҷиат аз дигар мақомотҳо ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин 615 ададро муроҷиати шифоҳи тавассути телефони боварӣ ташкил медиҳанд, ки сари вақт мавриди баррасӣ ва иҷро қарор дода шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи роҳбарияти шаҳр ва масъулони сохторҳо 1070 нафар шаҳрвандон қабул гардида, ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоту дархостҳои онҳо ба сохторҳои дахлдори шаҳриву ноҳиявӣ дастуру супоришҳои мушаххас ирсол карда шуд.
Бояд тазаккур дод, ки қабули муроҷиатҳо тавассути суроғаи электронии «dushanbe80@yahoo.com» ва шабакаҳои иҷтимоии «Viber»-и мақомот ба роҳ монда шуда, дар ин давра аз 227 адад муроҷиат ва аксу наворҳои воридгардида, пурра қабул, баррасӣ ва ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ба масъулин ирсол карда шудааст.
Ҳайати кадрӣ. Мувофиқи басти корӣ дар мақомот 213 воҳиди корӣ, аз ҷумла дар дастгоҳи Раиси шаҳр 89 воҳиди корӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 124 воҳиди корӣ муқаррар гардидааст. Дар маҷмӯъ дар давраи ҳисоботӣ 166 нафар хизматчиёни давлатӣ фаъолият доранд.
Аз шумораи умумии хизматчиёни давлатии дар мақомот фаъолияткунанда 51 нафарро занҳо (30,7 фоиз) ва 115 нафарро мардон (69,3 фоиз) ташкил медиҳанд.
Аз шумораи умумии занҳои фаъолияткунанда 8 нафар занон дар ҳайати роҳбарикунандаи мақомот фаъолият менамоянд.
Вазъи соҳибкорию сармоягузорӣ. Дар моҳҳои январ – июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор ба 43191 адад расидааст.
Шумораи шахсони ҳуқуқӣ дар ин давра 7754 нафар (нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта 100,3 фоиз) ва шумораи соҳибкорони инфиродӣ бошад 35138 нафар (98,0 фоиз), аз ҷумла бо патент 23795 нафар (96,8 фоиз) ва бо шаҳодатнома 10651 нафарро (100,5 фоиз) ташкил медиҳад.
Бо мақсади ҷоннок намудани кор дар самти таҳия ва амалигардонии лоиҳаҳои гуногуни сармоягузорӣ, ҷалби харчӣ бештари сармояи мустақими хориҷӣ ва беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ дар ин давра як қатор корҳо мавриди амал қарор дода шуд.
Дар моҳҳои январ – марти соли 2022 дар шаҳри Душанбе ҳаҷми умумии воридоти сармояи хориҷӣ 53,0 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод.
Истифодаи амволи коммуналӣ. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби 336 иҷорагир, аз ҷумла 8 иҷорагири манзилҳои истиқоматӣ ва 328 иҷорагири қисми иншоотҳо 2,2 миллион сомонӣ маблағ ба буҷети шаҳр ворид гардидааст.
Масоҳати умумии иҷора 67,5 ҳазор метри мураббаъро ташкил дод, ки ба таъмини 2053 ҷойи нави корӣ мусоидат намудааст.
Инчунин, дар ин давра аз ҳисоби хусусигардонии моликияти коммуналӣ ба андозаи 537,1 ҳазор сомонӣ ба буҷети шаҳр маблағ ворид гардид.
Вазъи бозори истеъмолӣ. Дар нимсолаи аввали соли 2022 ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти корхонаҳои соҳаи савдо ва ба танзим даровардани нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе як қатор корҳо ба сомон расонида шуд.
Ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо молу маҳсулоти ниёзи аввалия як қатор санадҳои дахлдор, аз ҷумла қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 31 январи соли 2022, №39 «Дар бораи ташкили ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ дар соли 2022» таҳия ва ба тасвиб расид.
Бо мақсади иҷрои қарори болозикр корхонаҳои соҳаи савдои пойтахт дар арафаи идҳои миллию давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумњурӣ мунтазам ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ ташкил намуда, дар маҷмӯъ дар ин давра зиёда аз 1621,0 тонна молу маҳсулоти ниёзи аввалияро бо нархҳои нисбатан арзон пешкаши сокинони пойтахт гардониданд.
Бояд қайд намуд, ки бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6 майи соли 2022, №220 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Душанбе барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023» КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» вазифадор гардидааст, ки маҳсулотҳои ниёзи аввалияро, аз қабили картошка – 3000,0 тонна, пиёз – 4000,0 тонна, сабзӣ – 1000,0 тонна, шакар – 2000,0 тонна, равғани растанӣ – 500,0 тонна, орд – 3000,0 тонна ва биринҷ – 100,0 тонна захира намояд.
Бо мақсади ғанӣ гардонидани бозорҳо бо маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ ва таъмин намудани шаҳрвандони пойтахт бо молу маҳсулоти ниёзи аввалия, айни замон 37 адад сардхона бо масоҳати 22,7 ҳазор метри мураббаъ ва бо ғунҷоиши 38,8 ҳазор тонна маҳсулот фаъолият намуда истодаанд.
Хизматрасониҳои коммуналию манзилӣ. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр беҳбуд бахшидани хизматрасониҳои коммуналию манзилӣ ба ҳисоб рафта, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани хизматрасониҳо ва беҳдошти ҳолати тозагӣ ва санитарии шаҳр пайваста тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.
Дар ин давра як қатор чорабиниҳо ҷиҳати беҳдошти вазъи бо об таъмин намудани шаҳри Душанбе, баланд бардоштани сифати оби нӯшокӣ ва безараргардонии он дар доираи барнома ва нақшаи чорабиниҳои техникии тасдиқгардида амалӣ карда шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ чорабиниҳои зикргардида асосан барои кам намудани талафоти оби нӯшокӣ равона гардида, дар истгоҳҳои обтаъминкунии КВД «Обу корези Душанбе»
61,7 миллион метри мукааб оби нӯшокӣ истеҳсол ва ба истифодабарандагон интиқол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,2 миллион метри мукааб кам мебошад.
Аз ҷониби корхонаи мазкур ба истеъмолкунандагон ба маблағи 51,9 миллион сомонӣ оби нӯшокӣ интиқол дода шуда, ҷамъоварии маблағи он 52,1 миллион сомонӣ ё 100,4 фоизро ташкил намудааст.
Корхонаи воҳиди давлатии «Партовгоҳи партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе», ки мақсади асосии он сари вақт қабул ва ҷойгир намудани партовҳои сахти маишӣ мебошад, дар давраи ҳисоботӣ ба миқдори 167,6 ҳазор тонна партовҳои сахти маиширо қабул ва тахту ҳамвор намудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи Муассисаи давлатии «Раёсати обёрӣ»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади таъмини чораҳои аввалиндараҷа оид ба пешгирии ҳолатҳои фавқулодда, вобаста ба мавсими боронгариҳо ва эҳтимолияти рух додани селу обхезиҳо, инчунин таъмини сатҳи санитарию эпидемиологӣ ва тоза нигоҳ доштани каналу селпартоҳо дар ҳудуди пойтахт, бо қувваи техникаю механизм ва коргарон қисматҳои озоди каналу селпартоҳо аз гилу шағал ва партовҳо ба масоҳати 12 ҳазор метри мукааб тоза карда шуд.
Ободонӣ. Дар давраи ҳисоботӣ як қатор корҳои назаррас дар соҳаи ободонӣ ва кабудизоркунии шаҳри Душанбе ба анҷом расонида шуд.
Дар мавсими ниҳолшинонӣ дар кӯчаю хиёбонҳо, боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, шаҳраку маҳаллаҳо ва корхонаю ташкилотҳо ба миқдори 301,7 ҳазор бех дарахту буттаҳо, 16,3 миллион бех гулҳои мавсимӣ ва бисёрсола ва дар майдони 108,6 ҳазор метри мураббаъ майса корида шуд.
Ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ва хуррамгардонии пойтахт дар ин давра 21 маротиба ҳашарҳои дастаҷамъона бо иштироки 1,6 миллион нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо ва бо ҷалби 2631 адад техникаҳои махсуси партовкашонӣ ба миқдори 3,1 ҳазор тонна партовҳо аз ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт ба партовгоҳи шаҳрӣ интиқол карда шуд.
Бо мақсади зиёд намудани навъи дарахтони нодир дар ин давра ба миқдори 8248 бех дарахтони ороишию сояафкан ва буттагӣ аз хориҷи кишвар ворид карда шуда, дар мавзеъҳои муқарраргардида шинонида шуд.
Шуғли аҳолӣ, бозори меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ. Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 1 июли соли 2022 аз ҳисоби ба кор даровардани иншоот ва баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсоливу хизматрасонии мавҷуда, дар корхонаю муассисаҳои шаҳр новобаста аз шакли моликият зиёда аз 21346 адад ҷойҳои корӣ таъсис ва барқарор карда шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ тавассути мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 5811 нафар шаҳрвандони бекор (3006 нафар занон) бо ҷойи кор таъмин карда шуд.
Қобили тазаккур аст, ки аз қисоби ҷойҳои кории аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои пойтахт бандшуда (квота) 770 нафар шаҳрвандони ба ҳимояи иҷтимоӣ ниёздошта бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Бо мақсади омўзиши касбу ҳунар 1602 нафар шаҳрвандони бекор ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбомўзӣ сафарбар карда шуданд. Аз шумораи умумии ба касбомӯзӣ фарогирифташудагон 1463 нафарро занон ташкил медиҳанд. Касбомӯзии шаҳрвандон аз рўи 19 намуди касбу ихтисосҳои гуногун роҳандозӣ гардидааст.
Бо мақсади дастгирии табақаҳои осебпазири пойтахт ба оилаҳои камбизоат дафнпулӣ ба маблағи 35,6 ҳазор сомонӣ, ба кўдакони то синни 16 сола, ки гирифтори бемории ВНМО мебошанд, ба маблағи 770,7 ҳазор сомонӣ ва бо ташаббуси роҳбарияти мақомот ба оилаҳои камбизоату ниёзмандон дар арафаи идҳо ба маблағи 8,4 миллион сомонӣ кумакҳои хайриявӣ расонида шуд.
Дар шаҳри Душанбе дар давраи ҳисоботӣ шумораи нафақахӯрон ба 60804 нафар расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1267 ё ин, ки 2,1 фоиз афзоиш ёфтааст.
Аз шумораи умумии нафақахӯрон 46014 нафарро нафақахӯрони меҳнатӣ ва 14790 нафарро нафақахӯрони иҷтимоӣ ташкил медиҳанд.
Бо мақсади иштироки аҳли ҷомеа дар корҳои созандагӣ ва ҳамбастагии онҳо ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина мусоидат намудан ба рушди маънавиёти ҷомеа, таъмини солимии оила ва фарҳанги оиладорӣ, риояи танзими анъана ва ҷашну маросим, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, пешгирии ҷинояткорӣ, бемориҳои сироятӣ, нашъамандӣ, терроризму ифротгароӣ, таҳкими тарзи ҳаёти солим, арзишҳои миллию маънавӣ, одобу ахлоқи ҳамида ва фарҳанги шаҳрнишинӣ 56 маротиба вохўрию мулоқотҳои бевоситаи роҳбарияти мақомот бо фарогирии зиёда аз 17,5 ҳазор нафар масъулини сохторҳои марбута ва сокинони як қатор шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои пойтахт доир карда шуд.
Соҳаи маориф. Яке аз бахшҳои асосии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ҳисоб рафта, баҳри рушди ҳамаҷонибаи он пайваста чораҳои муассир амалӣ гардида истодааст.
Дар шаҳри Душанбе 156 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, аз ин теъдод 94 муассисаи таҳсилоти томактабии буҷетӣ, 50 муассисаи томактабии хусусӣ ва 12 муассисаи томактабии назди корхонаву ташкилотҳо бо фарогирии 30739 нафар тарбиятгирандагон ва 1676 нафар мураббияҳо фаъолият намуда истодаанд.
Дар баробари ин, 194 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла 8 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 12 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 172 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (бо назардошти мактабҳои типпи нав ва махсус),
2 муассисаи таҳсилоти ғоибона фаъолият менамоянд. Аз ин теъдод, 159 муассисаҳои таълимии давлатӣ ва 35 муассисаи таълимии ғайридавлатӣ ба ҳисоб рафта, дар маљмуъ бо фарогирии 268942 нафар хонанда фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора 127073 нафарро занон ташкил медиҳанд.
Айни замон, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе 11213 нафар омўзгорон фаъолият доранд, ки ин нишондод дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 1771 нафар зиёд мебошад.
Дар соли таҳсили 2021 – 2022 сифати дониши хонандагон дар шаҳри Душанбе 45,1 фоиз ва дараҷаи азхудкунӣ 98,9 фоизро ташкил намуд.
Муҳассилини муассисаҳои таълимии пойтахт пайваста дар озмуну олимпиадаҳо фаъолона ширкат намуда, сазовори дастовардҳои назаррас мегарданд.
Бахшида ба «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардидани солҳои 2020-2040 дар шаҳри Душанбе Олимпиадаи даставии «Истеъдод» бо тарҳу услуби нав миёни хонандагон ташкил ва баргузор гардид.
Дар ин давра 3854 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт дар Олимпиадаҳои фаннӣ ширкат варзида, дар даври ҷумњуриявӣ олимпиада, сазовори 1076 медал ва ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Дар Олимпиадаҳои байналмилалӣ бошад хонандагони пойтахт бо хонандагони зиёда аз 90 кишвари дунё қувваозмоӣ намуда, беш аз 800 медалро ба даст оварданд.
Бори нахуст дар шаҳри Душанбе даври навбатии Олимпидаи байналмилалии «Мактаби байналмилалии информатика барои наврасон» (ISI Junior-2022) миёни наврасони то 15 – сола баргузор гардид, ки дар он 35 нафар наврасони тоҷик сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Дар баробари ин, бо ташаббуси роњбарияти мақомот бори нахус озмунҳои шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» ва «Забон донӣ – ҷаҳон донӣ» ташкилу баргузор карда шуд, ки дар он 33 нафар истеъдодҳои наврас ҷойҳои ифтихориро ишѓол намуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар заминаи Филиали Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе 52 маротиба курсҳои баландбардории маҳорати касбии омўзгорон ва кормандони муассисаҳои таълимӣ-тарбиявӣ бо фарогирии 1286 нафар ташкил ва баргузор карда шуд.
Бо мақсади пешгирии содиршавии ҷиноятҳо аз ҷониби хонандагони муассисаҳои тањсилоти миёнаи умумии пойтахт ва шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ 611 маротиба вохўрии масъулин миёни хонандагон ва волидайни онҳо бо фарогирии 128,3 ҳазор нафар дар як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор карда шуд.
Соҳаи тандурустӣ. Масъалаи беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин рушди шаклҳои нави кўмаки аввалияи тиббиву санитарӣ, яке аз вазифаҳои асосии мақомот ба ҳисоб меравад.
Дар сохтори тандурустии пойтахт айни замон 61 муассисаи табобатию пешгирӣ фаъолият менамоянд. Дар 16 муассисаи табобатӣ 2779 кати муолиҷавӣ ва дар 2 маркази дастгирии оила ва кўдак 200 кат ташкил карда шудааст, ки дар онҳо кўдакони бепарастор ва аз оилаҳои ниёзманди то синни 7 сола бистарӣ мешаванд. Аз ин шумора 919 катӣои терапевтӣ, 614 катҳои ҷарроҳӣ, 505 катҳои акушер-гинекологӣ ва 741 катҳои педиатрӣ мебошанд.
Дар давраи ҳисоботӣ 49,6 ҳазор нафар беморон дар беморхонаҳои шаҳрӣ бистарӣ шуданд, ки ин 4,1 фоизи шумораи умумии аҳолии пойтахтро дар бар мегирад. Аз шумораи умумии бистаришудагон 15,3 ҳазор нафар ё 30,8 фоизро аҳолии дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил медиҳанд.
Нишондоди миёнаи бистарӣ шудани беморон 7,4 рўзро ташкил дода, баӣри муолиҷаи онҳо дар сатҳи муносиб тамоми чораҳои судбахш роҳандозӣ карда мешавад.
Дар сохтори соҳаи тандурустии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ 3569 нафар табибон ва 6012 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият доранд. Дар ин давра 653 нафар, аз ҷумла 237 нафар табибон ва 416 кормандони миёнаи тиб дар муассисаҳои тандурустии пойтахт бо кор таъмин шудаанд.
Дар муассисаҳои пешгирию табобатии тандурустии шаҳр дар ин давра 790 нафар иштирокчиёни муҳорибаву садамаҳои шадид ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, аз он ҷумла иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ 6 нафар, маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ 2 нафар, ҷанговарони интернатсионалист 546 нафар, иштирокчиёни садамаи Чернобил 184 нафар ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда 52 нафар ба қайд гирифта шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолии маҳаллаҳо, хонандагону донишҷўёни муассисаҳои таълимӣ ва намозгузорони масҷидҳо оид ба пешгирии бемориҳои домана, сил, бемориҳои шадиди роҳи нафас, ботулизм, брутселлёз, гепатитҳо, бемориҳои ба воситаи об ва алоқаи ҷинсӣ гузаранда, вараҷа, нашъамандӣ, камхунӣ, ҷоғар, зукоми нав, диабети қанд ва гигиенаи шахсӣ вохўриву мулоқотҳо баргузор карда шуд.
Соњаи фарҳанг. Яке аз бахшҳои муҳими иҷтимоӣ дар фаъолияти мақомот соҳаи фарҳанг ба ҳисоб рафта, масъулини соҳа баҳри дар сатҳи муносиб баргузор намудани иду ҷашнҳо чорањо андешида, доир ба рушди соҳаи мазкур як қатор чорабиниҳоро амалӣ намуданд.
Айни замон, дар тобеияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 24 муассисаи фарҳангию фароғатӣ (бо дарназардошти 12 адад шуъбаҳои китобхонаи ба номи
А. Лоҳутӣ) фаъолият менамоянд.
Аз ҷумла, 6 муассисаи таълимӣ, бахусус 4 мактаби мусиқии бачагона, 1 мактаби бачагонаи санъат, 1 мактаби бачагонаи рассомӣ, ҳамчунин 2 китобхона, 2 театр, 1 маркази илмию методӣ ва 1 клуби марказонидашуда бо фарогирии 543 нафар корманд фаъолият доранд.
Айни замон, дар муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг, аз ҷумла мактаби бачагонаи санъат ва мактаби бачагонаи рассомӣ 986 нафар муњассилин бо омўхтани фанҳои гуногуни ҳунар ва мусиқӣ фаро гирифта шудаанд.
Фонди Китобхонаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ ва Китобхонаи муосири пойтахт дар ин давра бо 1453 адад нусха аз китобу маҷаллаҳои тозанашр ба маблағи зиёда аз 57,8 ҳазор сомонӣ мукаммал гардонида шуданд.
Имрўз фонди умумии китобхонаҳои шаҳриро 486473 нусха китоб ва теъдоди китобҳои электрониро 65 ҳазор нусха ташкил медиҳанд.
Зан ва оила. Баҳри баланд бардоштани рисолати худшиносии занон, нақши онҳо дар тањкими оила, пешгирии шиддати пошхўрии оила, тамоюли афзоиши бегонапарастӣ дар байни бонувон, мусоидат ба таҳсил ва ҷойи кор дар ҳамкорӣ бо сохторҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ силсила тадбирҳо амалӣ карда шуд.
Дар шаҳри Душанбе аз шумораи умумии аҳолӣ 582,5 њазор нафарро бонувон ташкил медињанд.
Дар ин давра 3006 нафар занон бо ҷойи кор таъмин гардида, 1463 нафари дигар курсҳои касбомўзиро аз рўи ихтисосҳои дўзандагӣ, қаннодӣ, адрасбофӣ, қолинбофӣ, попуридўзӣї ва курсҳои кўтоҳмуддати ҳунарҳои мардумӣ хатм намуданд.
Дар давраи њисоботї дар пойтахт 3059 оилаи нав ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 409 ҳолат кам мебошад.
Ҷавонон ва варзиш. Дар робита ба татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш дар ин давра як қатор тадбирҳо амалӣ гардиданд.
Бо ин мақсад дар пойтахт дар давраи ҳисоботӣ 1048 чорабинӣ бо фарогирии 255,3 њазор нафар, баҳри рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш 619 чорабинӣ бо фарогирии 160,5 ҳазор нафар, дар маҷмуъ 1667 чорабинӣ бо фарогирии 514,8 ҳазор нафар гузаронида шуд.
Дар шаҳри Душанбе 10 муассисаи давлатии «Мактабҳои махсуси варзишии захираҳои олимпӣ» мавҷуд буда, дар онњо 203 нафар мураббиёни дорои дараҷа ва унвонҳои фахрию варзишии баландихтисос ба 5366 нафар варзишгарон дар 343 гурўҳ машқу тамринҳоро ба роҳ монданд.
Дар ин давра дастпарварони мактабҳои махсуси варзишии захираҳои олимпӣ ва варзишгарони шаҳри Душанбе дар як қатор мусобиқаҳои бонуфузи шаҳрию ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ, чемпионатҳои Осиёву Ҷаҳон, Ҷоми ҷаҳон, Ҷоми Осиё ва бозиҳои Осиё ширкат варзида, соҳиби 3698 адад медалҳо (тилло – 1381 адад, нуќра – 1158 адад ва биринҷӣ – 1159 адад) гардиданд.
Сайёҳӣ. Яке аз соњањои муњими муаррификунандаи давлату миллат, таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои мардумӣ ба шумор рафта, рушди он ба инкишофи ҳамаҷонибаи соҳаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла соҳаҳои хизматрасониву маишӣ ва истеҳсолї мусоидат менамояд.
Бо мақсади ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба кишвар ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси ниёгон 25 чорабиниҳои гуногун, бахусус 2 – Форуми байналмилалӣ, 2 -фестивали байналмилалӣ, 1 – намоишгоҳи сайёҳӣ, 2 – чорабинии варзишию солимгардорӣ, 2 – озмуни соҳавӣ, 5 – намоиши ҳунарҳои мардумӣ, 1 – сайёҳати экологию куҳгардї, 8 – сайёҳати хонандагон, 2 – мулоқоту корҳои фаҳмондадиҳӣ ташкилу баргузор карда шуд.
Вазъи ҷинояткорӣ. Таҳлили фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба ҳолати ҷинояткорӣ дар ин давра нишон медиҳад, ки шумораи умумии ҷиноятҳои ба қайд гирифташуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 69 ҷиноят ё 2,8 фоиз зиёд мебошад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе раванди иҷрои қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳоеро, ки бевосита ба таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр нигаронида шудаанд, таҳти назорати доимӣ қарор дода, ҷиҳати татбиқи саривақтии онҳо дар оянда низ, чораҳроҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба пурсишу суолҳои намояндагони васоити ахбори омма оид ба паҳлуҳои алоҳидаи фаъолияти шаҳрдорӣ ва нишондодҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2022 ва нақшаҳои шаҳрдорӣ барои давраи минбаъда посух гуфтанд.
Дар ҷараёни нишаст роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба пурсишу суолҳои намояндагони васоити ахбори омма оид ба паҳлуҳои алоҳидаи фаъолияти шаҳрдорӣ ва нишондодҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2022 ва нақшаҳои шаҳрдорӣ барои давраи минбаъда посух гуфтанд.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед