Форуми байналмилалии “Ҳамкорӣ ва табодули таҷриба байни шаҳрҳо ва пойтахтҳои кишварҳои СҲШ дар доираи барномаи “Шаҳри ҳушманд”

Санаи 29 июн дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Форуми байналмилалии “Ҳамкорӣ ва табодули таҷриба байни шаҳрҳо ва пойтахтҳои кишварҳои СҲШ дар доираи барномаи “Шаҳри ҳушманд” оғоз намуд.

Дар кори Форум намояндагони ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Ўзбекистон, Федратсияи Россия ва як қатор ширкатњои хориҷӣ иштирок намуданд.

Бо сухани табрикотӣ – О. Пекось ҷонишини якуми вазири рушди технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва намояндаи Котиботи СҲШ баромад намуданд.

Дар форум зиёда аз 12 маърузачиён баромад намуда, дар соҳаҳои мухталифи рушди технологияҳои рақамии «Шаҳри ҳушманд» суханронӣ намуданд. Аз он ҷумла, директори Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Саъдӣ Самадзод бо маърўза дар мавзуи «Татбиқи технологияҳои зеҳнии рақамӣ дар рушди инфрасохтори иљтимоию иқтисодии шаҳрњои кишварҳои СҲШ» баромад намуданд. Ҳамчунин, барои иштирокчиёни ҳамоиш навори видеоӣ оид ба дастовардҳои шаҳри Душанбе дар бахши технологияҳои муосири иттилоотӣ намоиш дода шуд.

Форум барои ҳамкориҳои оянда платформаи хуби ҳамкорӣ гардид.

<

scroll to top