Сафари кории ҳайати шаҳри Душанбе ба шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея

Аз 17 то 19 ноябри соли 2023 муовини раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ ва муовини директори Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» Фарҳод Бобоев аз Маркази истеҳсолӣ ва илмии ширкати кореягии «RexGen Co» Ltd-и Ҷумҳурии Корея ва Фонди рақамии Сеул дидан намуданд.

Вазифаи асосии маркази тадқиқотӣ таҳияи маҳсулоти беназир ё такмил додани маҳсулоти мавҷуда мебошад.

Фонди рақамии Сеул як навоварии рақамӣ барои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳри Сеул мебошад.

Ҳадафҳои асосӣ рушди иқтисодиёти рақамӣ, ҳалли мушкилоти шаҳрӣ бо ёрии технологияҳои инноватсионӣ, кӯмак ба стартапҳои IT дар Сеул, рушд ва пешниҳоди маълумоти рақамӣ барои сокинони Сеул, лабораторияҳои рақамӣ ва баргузории конфронси солонаи Smart City дар Сеул мебошанд.

Камераҳои RexGen инчунин дар Лабораторияи Санҷиш ва Сертификатсия (LTA) санҷида шуданд ва мутобиқати худро ба стандартҳои байналмилалӣ собит сохтанд.

Зимни вохӯриҳои корӣ ҷонибҳо қайд намуданд, ки идеяҳо нав муҳаррики пешрафт ва инноватсионии шаҳри мо мебошанд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top