Санаи 21 январи соли 2023 дар Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, машғулияти омӯзиши бо кормандон ҷиҳати аз худ намудани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки 23 декабри соли 2022 ироа гардид, ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар рафти машғулият қайд карда шуд, ки Пешвои муаззами миллат, дастоварду натиҷаҳои фаъолияти мамлакатро оид ба соҳаҳои мухталифи ҷомеа таҳлилу баррасӣ намуда, барои самаранокӣ ва беҳбудии шароитҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсии давлат дастуру супоришҳои мушаххасро роҳандозӣ намуданд.
Дар охир Нақшаи чорабиниҳои КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city) баҳри иҷрои нуқтаҳои Паём, қабул гардид.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед