Омӯзиши зеҳни сунъӣ дар донишгоҳҳои Русия ҳатмӣ хоҳад шуд.
Вазири рушди иқтисод Максим Решетников пешниҳод карданд, ки дар барномаҳои таълимии донишгоҳҳое, ки мутахассисонро барои соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт, аз қабили тандурустӣ, нақлиёт, кишоварзӣ, саноат, сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналӣ омода мекунанд, ҷорӣ намудани модули таълимӣ оид ба зеҳни сунъӣ ҳатмӣ гардад.
Ҳамчунин афзоиши шумори донишҷӯён дар барномаҳои зеҳни сунъӣ дар донишгоҳҳои Русия ва баргузории ҳакатонҳо миёни мутахассисони IT барои ҷалби ҷавонон ба рушди фанновариҳои сунъиро қайд кард.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед