Санаи 13 январи соли ҷорӣ дар асоси нақшаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шаҳри ҳушманд”-и Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимимяти давлатии шаҳри Душанбе маҷлиси ҳисоботӣ бо иштироки Қурбонзода Убайдулло – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Саъдӣ Самадзод – раиси ташкилоти ибтидоӣ ва аъзои ҳизб доир гардид.
Тибқи рӯзномаи маҷлис масъалаҳои зерин барраси карда шуд. Ҷамъбасти фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шаҳри ҳушманд» дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023 , тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои ҷорӣ.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис Шоева Наргис аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шаҳри ҳушманд» дар соли 2022 ҳисобот манзур намуданд. Дар рафти ҳисобот гуфта шуд, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шаҳри ҳушманд” фаъолияти пурсамари худро зери барномаи бомароми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси нақшаи кории худ ва дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизб ба роҳ монда, корҳои зиёди таблиғотиро дар соли сипаригашта ба анҷом расонидааст.
Сипас, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло бо истифода аз нуқтаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.
Дар идома, раиси ташкилот Саъдӣ Самадзод зимни суханронии худ, зикр намуд, ки аз ҷониби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шаҳри ҳушманд” минбаъд низ ҷиҳати ҳамкориҳои судманд дар амалӣ намуда дастуру супоришҳои роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.
Дар анҷоми маҷлис нафароне, ки мавқеи сиёсии худро дар ҷомеа муайян намуда, аъзои ҲХДТ гардиданд ва ба онҳо шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд. Ҳамзамон якчанд фаъолони ҳизбии ташкилоти ибтидоӣ бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед