МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАИ ДОИМИИ БАРНОМАИ РУШДИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД

ш. Душанбе. 05.10.2023. Имрӯз муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода А.С. бо намояндаи доимии барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ленни Монтиел мулоқот анҷом доданд.

Дар оғози мулоқот муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода А.С. бо хушнудӣ ташрифи меҳмонро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хайрамақдам гуфтанд.

Дар рафти мулоқот масъалаи идомаи ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Барномаи рушди Созмони милали Муттаҳид мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо барои рушди ҳамкориҳои минбаъда таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, вохурии имрӯзаро баҳри таҳкими он муҳим арзёбӣ намуданд.
Мулоқот дар фазои созанда ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Душанбн Манбаъ.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top